Тазоҳургарон дар Ереван истеъфои сарвазирро талаб доранд

Гуруҳи тазоҳургарон дар Арманистон 1-уми март бо зӯрӣ  вориди бинои парлумон дар шаҳри Ереван шуданд.   Онҳо  хостори истеъфои  сарвазири  ин кишвар  Никол Пашинян ҳастанд.

Ба далели ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ, Никол Пашинян зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки саъй доранд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон дар соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ дар моҳи ноябр ба поён расид. Бар асоси созиш, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, Арманистон қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва атрофи онро ба Озарбойҷон дод ва дар ҷанг ҳам талафоти зиёде дид. Никол Пашиниён, ки эътилофи сиёсиаш дар порлумон аксари курсиҳоро дар даст дорад, талаби мухолифон барои истеъфо ва эълони интихоботи барвақтиро рад карда ва хоҳони машварату муколама шудааст.

Ҳафтае пеш баъди даъвати чанде аз фармондеҳони олирутбаи артиши Арманистон барои истеъфо Никол Пашиниён гуфт, кори онҳо “талош барои табаддулоти давлатӣ” аст. Бар асоси созише, ки нахуствазири Арманистон имзо кард, қисмате аз Қаробоғи куҳӣ ва тамоми 6 ноҳияҳои атрофи онро ба Озарбойҷон баргардонданд. Ин минтақаҳоро неруҳои арманӣ дар ҷанги соли 1990 аз озариҳо гирифтанд ва бисёре аз арманиҳо мухолифи баргардонидани онҳо ба Озарбойҷон буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *