Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Террор дар Санкт Петербург.11 куштаю 50 захмӣ

Дар натиҷаи таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург дар рӯзи 3 апрел дасти кам 10 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомот мегӯянд, мумкин аст, таркиш амали террористӣ буд.

Георгий Полтавченко, раиси шаҳри Санкт Петербург ба хабарнигорон гуфт, 11 нафар дар таркиш кушта шудаанд ва тақрибан 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия гуфта буд,ки  бар тибқи иттилои пешакӣ теъдоди қурбониён 9 нафар аст.

Александр Куренной, сухангӯи Прокурори генералии  Русия аввал таркишро “амали террористӣ” номид, вале баъдан гуфт, ки дар ин бора хулоса кардан барвақт аст. Сухангӯи ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург дар Твиттер навишт, ки 50 нафар дар таркиш ҷароҳат бардоштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон – президенти  Тоҷикистон – таркиш дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербургро, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт, башиддат маҳкум кард ва онро “ваҳшиёна” номид. Оқои Раҳмон шоми 3 апрел бо ирсоли номаи ҳамдардӣ ба президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Тоҷикистон аз ин хабар амиқан шигифтзада аст ва бори дигар тарафдорияш аз тақвияти мубориза бо терроризм дар ҷаҳонро баён мекунад.“Бо эҳсоси андӯҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср – терроризм таъкид менамоем.​ Аз Шумо, Владимир Владимирович, мехоҳем, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикони ҳалокшудаҳо бирасонед. Ба захмиён шифои комил орзу дорем”, – таъкид кардааст президенти  Тоҷикистон.​ Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои интизомии Русия гуфт, ки таркиш дар истгоҳи метрои Санкт-Петербургро як маргталаб анҷом додааст. Хабаргузорӣ гуфт, ҳуввияти гумонбар низ мушаххас шуда, бино ба иттилои муқаддамотӣ, вай зодаи 23-солаи Осиёи Миёна будааст. Мақомоти Русия расман дар ин бора иттилоъ надодаанд. Аммо “Интерфакс” мегӯяд, гумонбари аввали ҳодиса, ки бо либоси сиёҳу риши дароз тасвир ёфта буд, ба идораи пулис ҳозир шуда ва гуфтааст, дар ин қазия даст надорад.

 

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.