корд

Террорист ба супермаркети Зеландияи Нав ҳамла кард

Як марди мусаллаҳ вориди супермаркети Countdown дар Окленди Зеландияи Нав шуда, ба муштариён ҳамла кард. Дар ин бора New Zealand Herald хабар додааст. Ҷинояткор вориди маркази савдо шуда, шаш касро бо корд задааст.

Баъди як дақиқа аз ин ҳамалаи ногаҳонӣ вай аз ҷониби полис дар ҷои ҳодиса кушта шуд. Маълум шуд, ки ҳамлагар як муҳоҷири Шри Ланка буда, соли 2011 ба Зеландияи Нав омадааст. Комиссари полис Эндрю Костер гуфт, ки ин мард аз сабаби ақидаҳои ифротгароияш дер боз зери назорати полис қарор дошт.

Сарвазир Ҷакинда Ардерн ҳолати фавқулоддаро ҳамлаи террористӣ номид. Дар ин бора Rambler хабар медиҳад.Тавре ки сиёсатмадор қайд кард, ин ҳодиса як амали террористие буд, ки ба танҳоӣ кардааст, терорист кордро аз рафи мағоза гирифтааст. Дар натиҷа шаш нафар маҷрӯҳ шуданд, ки се нафари онҳо сахт маҷрӯҳ шуданд ва худи террорист як дақиқа пас аз ҳамла ба одамон аз ҷониби полис тир хӯрд.

«Он чизе ки имрӯз рӯй дод, даҳшат ва нафратовару хато буд. Ин корро шахсе анҷом дод, ки шомили идеологияи пурғараз буд, ки касе ӯро дар ин ҷо дастгирӣ намекунад ”гуфт Ардерн. Ба гуфтаи вай, террорист зодаи Шри -Ланка буда, соли 2011 ба Зеландияи Нав омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *