The Economist Ӯзбекистонро «кишвари сол-2019» хонд

Маҷаллаи бритониёии «The Economist» Ӯзбекистонро «кишвари сол-2019» эълом кард. Маҷалла гуфтааст, соли равон дар он кишвар ислоҳоти назаррас анҷом шуд.

«Се сол пеш Ӯзбекистон яке аз кишварҳои қадимии диктотурӣ ва пӯшида буд», — омадааст дар матлаби маҷалла. Ба гуфтаи муаллиф, режими президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов занон, мардон ва кӯдаконро иҷборан дар киштзорҳо кор мефармуд. Дар натиҷа шумори мухолифон афзоиш ёфта, режим бо онҳо мубориза мебурд.

Пас аз марги Каримов Шавкат Мирзиёев сари қудрат омад ва ҳукумати ӯ то як сатҳи муайян ҷалби иҷбории сокинон ба корҳои ободониву кишоварзиро дар ин кишвар коҳиш дод. Гузаргоҳҳои марзиро боз карда, ба рӯзноманигорони хориҷӣ ҳаққи фаъолият дод. Ҳамчунин бадтарин зиндони Ӯзбекистон бо номи «Жаслик»-ро баст.

Бино ба навиштаи «The Economist», Ӯзбекистон дар пеш роҳи тӯлонӣ дорад, вале дар соли 2019 ягон кишвар ин қадар пеш нарафта буд.

Дар ҳамин ҳол созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) чанде пеш изҳори таассуф кард, ки Мирзиёев бо вуҷуди баъзе аз «гомҳои ислоҳотхонаи худ» натавонист, ин руҳияи ислоҳотгароиро дар ду интихоботи қарибулвуқуи Ӯзбекистон таъмин кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *