Тоҷикистон бо Мавритания муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд

Тоҷикистон ва Мавритания дар ҳошияи иҷлосияи 76 -уми маҷмаи умумии СММ дар Ню Йорк муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд

Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Мавритания муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, дар ҳошияи иҷлосияи 76 -уми Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню Йорк маросими имзои Изҳороти муштарак оид ба барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар баргузор шуд.

Баёнияи муштаракро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ ва мавританиягиҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исмоил Шайх Аҳмад имзо карданд.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлатро қайд карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *