То ба кай ҳузури ғайриқонунӣ…

Русия ҷониби Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки шаҳрвандони зиёди ин кишвар ҳузурашро то ҳол қонунӣ накардаанд

Ҷониби Тоҷикистонро Сарраёсати Вазорати умури дохилии Русия оид ба муҳоҷират огоҳ кардааст, ки дар сурати қонунӣ нагардидани ҳузури шаҳрвандонаш онҳоро аз кишвар ихроҷ менамояд то ба имрӯз шаҳрвандони зиёди тоҷикистонӣ ҳузурашонро қонунӣ накарданд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни гузориш тариқи телевизионҳои давлатӣ хабар дода, аз муҳоҷирон хостааст, худро дар қайди расмӣ гузоранд.

ВУД Тоҷикистон зикр намудааст, ки Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки бе қайди расмӣ кору фаъолият мекунанд, то 30 сентябри соли 2021 муҳлат додааст, ки ҳузуру фаъолияташонро қонунӣ намоянд. Дар акси онҳоро ихроҷ хоҳад кард. Аз мардуми кишвар даъват карда шудааст, ки ба наздиконашон, касоне ки дар Русия ҳастанд расонанд, то аз ин имконияти қонунигардонӣ истифода баранд.

Қаблан Владимир Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия дар шарҳи фармони нави раисиҷумҳур гуфт, онҳое, ки солҳо ҳузурашон дар Русия ғайриқонунӣ будааст, имкон доранд, бидуни депорту манъи вуруд будубошро қонунӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *