Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон 12 низомиро дар марз бо Тоҷикистон ба ҳалокат расониданд

Ҷангиёни ҳаракати терористии «Толибон» яке аз минтақаҳои музофоти Қундузро, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад, муҳосира намуда 12 низомиро ба ҳалокат расонидаанд, хабар медиҳад телевизиони “Ariana News”.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, дар пайи тирпарронӣ байни Толибон ва мақомот 12 низомӣ ва кормандони полис ҳалок шудаанд.

Инчунин, 4 полис ва 8 низомӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Бино бар иттилои мақомоти расмии Қундуз, 3 низомии дигар бедарак шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Афғонистон муҳорибаи шадиди Толибон ва ҳукумат идома дорад. Гурӯҳи радикалӣ қисми калони деҳаҳои Афғонистонро таҳти нуфузи худ қарор дода, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунад.

Ҳамчунин, дар кишвар нуфузи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» низ рӯз ба рӯз зиёд мешавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.