Толибон ба ҳадаф нахоҳанд расид. Шикастҳои пай дар пайи ғосибон…

Манбаъ дар саҳифаи фейсбукии худ бо хушнудӣ иттило медиҳад, ки вулусволиҳои Ғурбанд, Гулбаҳор ва Санҷари вилояти Кописо, вулусволии Соланги вилояти Парвон, вулусволиҳои Хуст ва Фаранги вилояти Бағлон ба дасти Ҷабҳаи муқовимат гузаштанд. Парвон, Кописо ва Бағлон имшаб дар остонаи озодиянд. Донишгоҳи Ал Берунӣ ва бозори Кописо ба дасти ҷабҳаи муқовимати дувум омад ва ҷанг дар наздикии Қавмандонӣ ва вилоёти Кописо шадидан идома дорад. Худо хоҳад, хабарҳои хуш дар роҳанд ва дар наздиктарин маврид онҳоро ба Шумо хоҳем расонд!

Мо дар ин муқовимати хунин ба бародарони ҷабҳа аз даргоҳи Худованд барору пирӯзиҳо хоҳонем. Худованд мадагоратон бод!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *