Толибон бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии Покистон ба Панҷшер ҳамла кардаанд

Вазорати умури хориҷии Эрон дар пасманзари хабарҳо дар мавриди дахолати нерӯҳои Покистон ба Панҷшер изҳор дошт, ки ҳар дахолати беруниро маҳкум мекунад

Вазорати умури хориҷии Эрон бо баёни нигаронӣ ҳамалоти шаби гузашта дар Панҷшер изҳор дошт, ки гузоришҳои дахолати Покистон дар ин ҳамлаҳоро баррасӣ мекунад.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, ҳар дахолати хориҷӣ дар умури Афғонистон, чӣ мустақим бошад, чӣ ғайримустақим маҳкум ба шикаст аст.

Хатибзода аз Толибон* даъват кард, ки ба аҳдҳои қаблан додаашон пойбанд бошанд

Ӯ гуфт, Эрон ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Панҷшер буда, нигарони нақзи ҳуқуқҳои башардӯстӣ дар минтақа аст. Хитобзода бо нигаронӣ аз гуруснагӣ, қатъи обу барқи мардуми минтақаи Панҷшер афзуд, ки ҳуқуқи башардӯстона бояд риоя карда шавад.

Эрон аз ҳукуматдорони нав дар Афғонистон хост, масъулона рафтор кунанд.

Хатибзода инчунин ҷонибдории Эронро ба ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон баён дошт, ки намояндагони қавму қишрҳои гуногун дар он шомил бошанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Толибон* аз тасаллуташон бар Панҷшер хабар дода, афзуданд, ки феълан 34 вилояти ҷумҳуриро таҳти назорат доранд. Нерӯҳои ҷабҳаи муқовимат эълон доштанд, ки Толибон* бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии Покистон ба минтақа ҳамла карданд, аммо онҳо таслим нашуда, муборизаро давом хоҳанд дод. Назари ҷониби Покистон феълан дар мавриди иддаои истифодаи нерӯҳояш дар Панҷшер маълум нест.

Бо ин амалаш Покистон исбот намуд, ки ёвари Толибон танҳо ӯст. Ва ин амали ахиран анҷомдодаи ӯ шаҳодати он аст. Дар айни ҳол дахолати Покистон ба ин сарзамин боиси нигарониҳои ҳамсояҳои ҳаммарзи Афғонистон гардидааст ва ин аст, ки Эрон дар ин бора расман изҳорот дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *