Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон боз як овозхони шинохта ва маъруфро ба қатл расониданд

Маълум нест, ки сабаби ин эъдом чист: ақидаҳои сиёсӣ ё фаъолияти касбӣ

Фавад Андаробӣ, овозхони маъруфи мусиқӣ ва сурудҳои мардумии афғон, аз сӯи Толибон* кушта шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Таймс нау” хабар дод. Қатли бераҳмонаи овозхон аз сӯи Толибонро писари ӯ низ тасдиқ намуд.

Маълум аст, ки ҷангҷӯён овозхонро аз хонааш дар вилояти Бағлон берун оварда, тирандозӣ кардаанд. Сабабҳои дақиқи куштори овозхон маълум нест.

Пештар Фавад Андаробӣ ошкоро ба ин ҷунбиши радикалӣ мухолифат мекард.

Вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон Масъуди Андаробӣ низ дар бораи марги сароянда навиштааст.

Сабаби дигари куштори ваҳшиёнаи овозхон шояд фаъолияти касбии ӯ бошад, зеро Толибон* ҳамагуна мусиқиро “хилофи ислом” медонанд. Ин бори аввал нест, ки дар Афғонистон Толибон* нафарони ҷонибдори ҳукумати қаблиро эъдом мекунанд. Ҳарчанд худи ҷангҷӯён изҳор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.