Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон мусиқӣ ва садои занонро аз телевизион ва радио манъ кардаанд

Дар Қандаҳор ҷангиёни Толибон* садои мусиқиро манъ намуданд. Илова бар ин, садои занон дар телевизиону радио ҳам мамнӯъ гардид

Дар Қандаҳор Ҷунбиши ҳаракати Толибон*, ки фаъолияти он дар русияву Тоҷикистон ва аксари кишварҳо мамнӯъ мебошад, мусиқӣ ва садои занонро аз телевизион ва радио манъ кардаанд, хабар медиҳад Pajhwok бо такя ба шӯъбаи фарҳанг ва иттилооти маҳаллӣ.

Raha Press ҳамчунин гузориш медиҳад, ки занон сарфи назар аз ваъдаҳои Толибон, ки тибқи қонунҳои шариат кор ва таҳсил мекунанд, дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ бо мушкилот рӯ ба рӯ шуда истодаанд.

Қаблан Толибон* гуфта буданд, ки занони афсари давлатӣ дар оянда метавонанд пас аз таҳияи қоидаҳои дахлдор вазифаҳои худро иҷро кунанд.

Рӯзи ҷумъа маълум шуд, ки Толибон* аз кормандони Вазорати тандурустии Афғонистон даъват кардаанд, ки ба кор баргарданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.