Толибон пешниҳоди Амрикоро рад карданду нақшаи ба даст овардани Кобулро кашиданд

Сухангӯи Толибон изҳор доштааст, ки пешниҳоди Амрико барои эҷоди давлати муваққат дар Афғонистон рад шуд

Толибон пешниҳоди Амрико дар бораи ташкили ҳукумати муваққатӣ да р Афғонистонро напазируфт, гуфтааст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, тиқи иттилои Sputnik Афғонистон.

«Ин масъала ҳанӯз матраҳ нашудааст. Аммо дар маҷмӯъ, мо давлати интиқолиро қабул надорем. Хостаи мо як тасмими асоси аст ва бояд онро пайдо кард. Ташкили давлат интиқолӣ барномаи мо нест”, — гуфт сухангӯи Толибон*.

Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, ки тасмими ишғоли Кобул танҳо пас аз ба даст гирифтани назорати дигар вилоятҳои Афғонистон гирифта мешавад.

“ Мо дар навбати аввал вилоятҳои дигарро поксозӣ кунем ва сипас дар мавриди Кобул тасмим хоҳем гирифт, амалиёт чунин барномарезӣ шудааст. Аммо қарори ниҳоӣ дар бораи Кобул ҳанӯз гирифта нашудааст”, — таъкид дошт сухангӯи Толибон.

Амалиёти Толибон* дар рӯзҳои охир пас аз он суръат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳида эълом дошт, то охири моҳи август низомиёни худро аз ин кишвар хориҷ мекунад.

Толибон* тайи моҳҳои охир даҳҳо вилоят ва гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат гирифтанд ва ҳангоми тарки нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ба пойтахти чанд минтақаи Афғонистон, аз ҷумла Ҳирот дар ғарб ва Қандаҳор ҳамла карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *