Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон волии нави Панҷшер Мавлви Қудратуллоҳро таъин карданд

Гурӯҳи Толибон пас аз даргириҳои Панҷшер ҳоло барои вилоят волии ҷадидро таъйин карданд

Ҳанафи Вардак, намояндаи гурӯҳи Толибон дар саҳифаи Твиттерии худ, дар бораи таъини волии нави гурӯҳ дар вилояти Панҷшер хабар дод.

Ӯ навиштааст, ки Мавлви Қудратуллоҳ “Панҷшерӣ”, волии вилояти Панҷшер, дар ҳоли ҳозир дар Панҷшер асту амниятро барқарор дорад ва тамоми ҳарҷу марҷ аз тарафи ин гурӯҳ маҳор шуда ва Толибон дар садади он ҳаст, ки замина барои баргашти мардум ба хонаҳояшон фароҳам шавад!

Вай афзуд, ки барои таъмини амният беш аз 400 муҷоҳид аз Панҷшер дар манотиқи мухталифи шаҳр мустақар шудаанд.

Гурӯҳи Толибон* дар ҳоле барои вилояти Панҷшер таъйин намудааст, ки даргириҳо дар ин вилоят идома доранд ва Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон аз бозпас гирифтани маркази вилоят хабар дод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.