Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибонро мекушанду… вале чаро онҳо намемиранд?

Артиши миллии Афғонистон дар чанд вилоят мавқеи  ҷангҷӯёни Толибонро танг карданд

Вазъ дар Афғонистон басо нигарон кунандааст.  Ва ҳар замон хабарҳои гунонгун пахш мешаванд.  Чанде пеш иттило дода будем, ки Толибон чанд вилояту марказҳои онро зери тасаруфи худ дароварданд. Вале ҳоло дар давоми як шабонарӯзи охир артиши Афғонистон беш аз 360 ҷангҷӯи Толибонро* дар вилоятҳои Нангарҳор, Кунар, Логар, Пактика, Қандаҳор ва дигарҳоро нест кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Вазорати дифои Русия.

Рӯзи 6 август Толибон эълон карданд, ки Заранҷ маркази вилояти Нимрӯзро дар ҷанубу ғарби Афғонистон ишғол кардаанд.

“Дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои дифоъ ва амнияти Афғонистон дар давоми 24 соат дар Нангарҳор, Кунар, Логар, Пактия, Пактика, Майдон-Вардак, Қандаҳор, Сарипул, Ҳилманд, Қундуз ва Бағлон 361 террорист нобуд ва 145 захмӣ шуданд”- гуфта мешавад дар паёми Вазорати мудофиа дар Twitter.

Толибон аз соли 2016 ба ин сӯ Заранҷро, ки нахустин маркази вилоят аст, забт кардаанд.

Баъдан онҳо эълом карданд, ки марказҳои маъмурии панҷ вилояти дигари Афғонистон, аз ҷумла Қундузро, 60 -километр дуртар аз гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ишғол кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.