Трамп: Эронро нобуд мекунам!

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико таҳдид кард, ки дар сурати ҳама гуна ҳамла ба неруҳои Амрико нисбати Эрон ҳамлаи маргбор анҷом хоҳад шуд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико таҳдид кард, ки дар сурати ҳама гуна ҳамла ба неруҳои Амрико нисбати Эрон ҳамлаи маргбор анҷом хоҳад шуд.

Трамп дар саҳифааш дар «Твиттер” навишт: “Посухи ИМА ба ҳамлаҳои Эрон шадид ва маргбор хоҳад буд. Эрон қадри некиро намедонад ва фақат неруи зӯрро дарк мекунад. Артиши ИМА бошад дар дунё пурзӯртарин аст ”.

Қаблан Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон зимни як баёния дар телевизиони миллӣ дар вокуниш ба таҳримҳои нави Амрико нисбати мақомоти ин кишвар Кохи Сафедро “камақл” хонд.

Дар ҳафтаи гузашта ИМА нисбати мақомоти баландпояи Эрон бо шумули Оятулло Хоманаӣ, раҳбари маънавии ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ кард.

Рӯҳонӣ ҳушдор дод, ки ҷорӣ шудани таҳримҳои ҷадид роҳро ба муколамҳои дипломатӣ мебандад.

Дар соли 2017 Доналд Трамп Кореяи Шимолиро таҳдид карда буд, ки агар озмоиши силоҳи ядроиро қатъ накунад, ин кишварро нобуд хоҳад кард. Он замон раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин Трампро “мӯйсафеди камақл” гуфта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *