Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Туркманистон: Ягона меросбари Шурави, ки 9-уми майро ҷашн мегирад

Туркманистон ягона меросхӯри Шурави иқдом гирифтаас бо баргузор намудани паради ҳарбӣ 75-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватаниро ҷашн гирад, хабар медиҳад “Озодӣ”

Навобаста аз ҳамагир шудани каронавирус дар ҷаҳон Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин пешниҳод дорад, ки солгарди ғалаба дар ҷанги мазкур дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷашн гирифта шавад ва Ишқобод омодааст, дар омодагиҳо ба онҳо мусоидат кунад.

Бино ба хабари баъзе аз расонаҳо, ҳоло низомиёни Туркманистон барои гашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ дар майдони «Ёдгории халқӣ»-и шаҳри Ишқобод тамрин мекунанд.

Тавре хабаргузории расмии Туркманистон иттилоъ дод, бахшида ба Иди ғалаба маросими тақдими мукофот ба собиқадорон, ҳамсарони иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти Туркманистон мегӯянд, то ҳол дар ин кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст, вале коршиносон ба ин иттилои мақомот бо назари шубҳа менигаранд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.