Умеди пажмурда. Гузориш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон

Такрори хиёнатҳои ибтидои асри ХХ дар Афғонистон

Оромии пеш аз тӯфон

Толибон қисмати бо Тоҷикистон ҳамсарҳади хоки Афғонистонро ба пуррагӣ гирифтанд. Дашти Ҷум аз гурезагони афғон мавҷ мезанад. Ин овозаҳо  маро вориди ин минтақа сохтанд. Баробари расидан ба маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, чашмонам мавҷи гурезагон меҷустанд. Аммо аз онҳо нишоне набуд. Вале бо дидани манзараи дигар чашм  ҳаловат мебурд. Шӯроободи собиқ дигар он деҳаи хурди пур аз хонаҳои лойини замони Шӯравӣ набуд. Иморатҳои боҳашамати тибқи нақша тарроҳишуда чун аскарони дар либоси ҷашнӣ сафкашида, хиёбони марказиро ороста буданд. Деҳаи Шӯрообод ба шаҳраки зебои аврупоии низоми зиндагиаш шарқӣ табдил ёфта буд. Дилрабоӣ, нармии ҳавои гесуҷунбони ин диёр пас аз ҳавои гарму нафасгири Душанбе, ҳаловат ба ҷони кас мебахшид. Вале ҳоло овозаи музаффарияти толибон дар марз, хатари он ба хоки Тоҷикистон тамошои зебоиро ба канор андохта буд. Ман дари раиси ноҳияро кӯфтам. Ҷавони хушқомати серҳаракати либоси шинами маъмурӣ дар тан ба истиқболамон баромад. Ӯ пас аз пазироӣ даъват ба як пиёла чой кард. Аммо куҷо фурсати чой, вақт чун ҷон дар гулӯ танг омада буд.

– Куҷостанд гурезагон, – пурсидам аз ӯ.

– Кадом гурезагон? – ба саволам бо савол посух дод ӯ.

– Афғонистон.

– Манзуратон низомиён? Охиринашон имрӯз тавассути ҳавопаймо аз Кӯлоб ба Кобул парвоз доранд.

– Вазъият дар сарҳад чӣ гуна аст?

– Аз ҷониби мо чун ҳамеша ором.

Ба суханони ӯ боварам намеомад. Чунки бисёр шудааст, ки воқеият як чиз мегӯяду раисон чизи дигар.

Бо мардум ҳамсуҳбат мешавам. Ором. Гӯё чизе нашуда бошад. Дарави ғалла, ҷамъоварии лӯбиё, меваҷот, 30 – солагии  Истиқлолияти давлатӣ мавзӯи суҳбати онҳо буд. Дар ҳайрат афтодам, ки чаро тамоми дунё аз толибон дар ҳарос асту ин мардум дар зери манаҳи Толибон ба ин андоза бепарвоянд.

–  Толибон он тарафи сарҳаданд, – ба сухан меояд раис.

Бо писари хола, ки ҳамсафари ман буд, аз маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба роҳ мебароем. Роҳи чун кафи даст ҳамвор Душанбе — Хоруғ моро ҷониби Дашти Ҷум мебарад. Ҷо – ҷо саворагони хару асп ба чашм мерасиданд. Сари чанд километр сарҳадбонони сар то ба по мусаллаҳ қад — қади роҳ  ба чапу рост назар андохта, қадам мезаданд. Дар майдонҳои васеъи ғарқи алаф чорвои аз сиёсати абарқудратон бехабар, ки пайи андеша тақсими нави дунёянд, чаридан доранд. Рама куҷо аз пушти гап бохабар аст. Чун дунёбехабарон хӯрдану чариданро медонад. Мо бо бачаи хола ин манзараро тамошо карда, сукут ихтиёр карда будем. Хомӯширо танҳо мусиқии соиши чархҳои мошин бо роҳи қирпӯши чун шиша ҳамвор халалдор мекард.  

Деҳаи Хирманҷо паси сар монд. Мошин ба тарафи чап ҷониби сарҳади Афғонистон роҳ гирифт. Дар рӯ ба рӯи мо, аз соҳили рости дарёи Панҷ  дарвозаи қисми ҳарбӣ қарор дошт. Сарҳадбонони зиёде гардиш доштанд. Дар назди дарвоза мошини моро таваққуф доданд. Ман худамро муаррафӣ кардам. Дарвозабон лаҳзае ғайб зад ва сипас пайдо шуд. Донистам, ки ба роҳбараш аз омадани ман хабар дод. Лаҳзае баъд назди мо низомии рутбадор пайдо шуд. Ман ҳадафи ташрифамро гуфтам. Ӯ низ, шояд барои мувофиқа бо роҳбарияти боло бошад, куҷое ғайб зад. Пас аз андаке баргашт. Аз чеҳрааш дарёфтам, ки гап бо ӯ қӯр мегирад. Сухан аз баёни воқеияти сарҳад мерафт.   

Сухан аз даҳони Луқмон

Ман аз пушти девори қисми ҳарбӣ ба ҷониби Афғонистон нигаристам. Паша пар намезад. Ҷо – ҷо бонувони сиёҳчодарбасар, ки аз дур қадамзании пинвингҳои сип сиёҳро ба хотир меоварданд, аз хонае ба хонае медавиданд. Чашмонам толибони ҳамин гуна либоспӯшидаро, ки муллоҳои саллаашон аз каллаашон бузургтарро, чун дар тасвири устод Айнӣ, ба хотир меоварданд, меҷустанд.  Аммо аз онҳо на пай буду на ҳайдар. Кӯки чашмам аз толибкобӣ қариб буд, ки канда шавад.  

– Чиро мекобед, ба мӯшикофона назар кардани ман таваҷҷуҳ карда, пурсид афсари сарҳадбон.

– Толибонро, – гуфтам дар ҷавоб.

– Чизи набударо накобед, – гуфт ӯ.

– Чӣ хел чизи набуда? Охир аз тӯфони дар сарҳад хезондаи онҳо замину замон ба ларза омад.

–  Кадом тӯфон?

– Тӯфони ғасби сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон, аз нисф зиёди Афғонистонро гирифтани онҳо.

Афсар лабханд карду хост аз ман дур шавад. Ман ӯро боздоштам.

  • Шумо чизе аз ин бештар медонед?

– Бале, ман воқеиятро медонам, –гуфт ӯ ва идома дод. Мо сарҳадбонони Тоҷикистон шоҳиди ҳодисаҳои рӯзи 3 ба 4-и июн дар сарҳад ҳастем. Як гурӯҳ неруҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумии Афғонистон тавассути гузаргоҳи Шоҳон ба Тоҷикистон ворид шуданд. Баъдтар донистем, ки онҳо 125 нафар ҳастанд. Омодаи оташ кушодан будем, ки онҳо силоҳашонро ба замин гузошта, даст боло карданд. Онҳо худро гуреза муаррифӣ карданд, гуфтанд, ки зери фишори Толибон кишварашонро тарк карданд. Аммо  ҳеҷ ҷанге набуд. Ҳатто, агар аз он тарафи сарҳад садои тире мебаромад, горнизон ба по мехест. Қумандони хандаки 3 аз ҳама бештар мушавваш буд. Ба ӯ гуфтем, ки баргардед, аз ватанатон дифоъ кунед. Қумандон гуфт, ки ҳар чӣ мехоҳед, бо мо бикунед, аммо ба Афғонистон барнамегардем.  Чун онҳо дар фирори худ устувор буданд, илоҷи дигаре набуд,  ба ҷои махсус интиқол додем, нисбаташон ҳамчун гуреза муносибат кардем. Ҳарчанд хуб медонистем, ки бо лавозимоти ҳарбие, ки онҳо доштанд, метавонистанд беш аз як моҳ бо Толибон ҷанг кунанд.

Тарс ё хиёнат?

Вазъият дар тамоми тӯли сарҳад – аз Панҷи Поён то Вахон чунин буд. Суҳбат бо шоҳидони ҳол ва афғонҳо асли воқеаро рӯшан сохт. Ду нафар толибони савори мототсикл вориди вулусволии Хоҳон мешаванд. Онҳо номаеро ба дасти қумандон медиҳанд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки нома аз номи толибон, волии Бадахшон ё Ҳукумати марказии Афғонистон аст. Сири ин номаро неруҳои фирории Ҳукуматии Афғонистон ба Тоҷикистон, ки шумораи онҳо 1567 нафар буд, ба Кобул бурданд. Фирори онҳо аз чӣ буд: тарс, хиёнат ё асрори дигаре ин ҷо ниҳон аст? Чанд нафарро дар шимоли Афғонистон ба иттиҳоми хиёнат маҳкум кардани ҷомеаи Афғонистон бозгӯи бисёр розҳои нуҳуфта аст. Сарнавишти тоҷикони Афғонистон ҳамон балоеро ба хотир меорад, ки ибтидои асри ХХ ба сари тоҷикони Осиёи Миёна омада буд. Ба ҷурми бахшишҳои болшевикон бетарафӣ ихтиёр кардани Эрон, роҳандозии пантуркизм, ба қавму миллатҳо ҷудо кардани сокинони Осиёи Миёна, ибтидо бо пулу мансаб, баъдан бо тарс аз тоҷикон хиёнаткор сохтан — ҳамон тарҳи куҳнаест, абарқудратон имрӯз роҳандозӣ мекунанд. Агар ин як аср фитрати мардуми моро дигар накарда бошад ҳам, бисёр таҳаввулоте ба миён омад, ки сари кафидаро зери тоқӣ пинҳон намегузорад. Пеш аз ҳама, фаврӣ дастраси ҷомиаи ҷаҳон қарор гирифтани бозиҳои сиёсии пасипардагии абарқудратҳо, ки хезишҳои мардумро ба бор меоваранд, давлатҳои ғафлатзадаро бедор мекунанд. Афғонистон мисоли зинда аст. Толибонро ғолиб эълон кардан ҳанӯз барвақт аст. Ҷудоиандозӣ миёни мардуми тоҷику ӯзбек, қавму миллатҳои сокини Афғонистон дигар он натиҷаеро нахоҳад дод, ки ибтидои асри ХХ дода буд. Оқибати кӯшиши танҳо такя ба мардуми пашту кардану давлати ягона таъсис додани Ҳафизуллоҳ Амин дар Афғонистон сабабгори маргаш гашт.  Ӯ Таракиро кушт. Ӯро дигарон куштанд. Бо роҳи террор ҳал карддани қазияи Афғонистон ҳам гумроҳӣ аст. Аҳмадшоҳи Масъудро террор карданд, Аҳмадшоҳҳои дигар пайдо мешаванд. Дустумро заҳролуд карданд, Дустумҳои дигар ба миён меоянд. Ин бозӣ дар Афғонистон беохир аст. Агар роҳи ҳалли онро пайдо накунанд, шояд роҳи ҳал таъсиси давлати федеративӣ дар Афғонистон бошад? Боз ҳам агар ба ин ҳамсоягони дуру наздик ризоият диҳанд. Чун абарқудратҳо мушкилоти Афғонистонро дар СММ, садди роҳи кишварҳои тахрибкор    намешаванд, пас ин оромиро намехоҳанд.

Нофи замин ва ҳадафи урдуи “интернатсионалӣ”-и толибон

Агар хоҳанд аққалан як бор мардуми Афғонистон ба ҳоли худ гузоранд, шояд  фардо сулҳ дар ин кишвар барқарор мешавад? Ин ҳарфҳо қотеъ нестанд. Чунки Афғонистон нофи замин аст. Кӣ намехоҳад, ки ноф дар дасташ бошад?!

Толибон “интернатсионалӣ” ҳастанд. Ҷомиаи “Ансоруллоҳ”, ДИИШ, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ихвон-ул муслимин”, наҳзат ва боз даҳҳо ҳизбу неруҳои террористию экстремистӣ ҳастанд, ки шомили он мебошанд. Толибон ҳаракати террористӣ эълон шудааст. Сари мизи музокирот нишастан бо онҳо дастгирии терроризм аст. Табиати толибонро дониста, умед ба онҳо бастан, умеди пажмурда аст. Онҳо аз батни давлатҳое берун омаданд, ки чун каждум қасди хӯрдани онҳоро доранд. Роҳи ягона наҷоти кишварҳои Осиёи Миёна аз ангуштони танҳо ба мушти ягона табдил ёфтан аст.

Шоми таҳлукаангез

Бармегардем сари марзи Афғонистон. Толибон дар минтақаи Бадахшон исмоилиёнро маҷбур месозанд, чодари сиёҳ ба сар кунанд. Ҳазораҳои аҳли ташаюъ аз зулми толибон куҷо фирор карданашонро намедонанд. Сунниҳои ғафлатзада гумон доранд, ки толибони зархарид дар роҳи ислом мубориза мебаранд.

Баъд аз фирори неруҳои ҳукуматӣ рамаи толибон вориди вулусволии Хоҳон шуд ва толиб Мавлавӣ Саъдуллоҳ (тоҷик аз Хоҳон) — ро бо тантана рӯи курсӣ нишонданд.

Дар Файзобод қорӣ Фатҳиддини толиб сари тахт нишаст. Дар “Кокул” — рӯ ба рӯи Ҳамадонӣ ҳудуди  2000 нафар толибон дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Субҳи сарҳад ҳоло сокит аст, аммо шоми он таҳлукаангез.

Шариф Ҳамдампур,

Душанбе —Дашти Ҷум—Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *