Вируси маккор қасди ҷони азизони моро дорад!!!

Ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба даргузашти хоҳараш Қурбонбӣ Раҳмонова сарони Ӯзбекистон, Қазоқистон, ва Туркманистон номаҳои изҳори тасаллӣ фиристодаанд, хабар медиҳад котиботи президент.
Ба иттилои манбаъ, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи таслияти худ Эмомалӣ Раҳмонро бародар хондаву гуфтааст, хабари ҳузнангези марги бармаҳали хоҳари маҳбуби Шумо Қурбонбӣ Раҳмонова моро сахт андӯҳгин намуд.
Мирзиёев ба Раҳмон ва ҳамаи аъзои оилааш ҳамдардӣ намуда аз Аллоҳи бузург сабр хостааст.
Қосим Ҷомарт Тоқаев, раҳбари Қазоқистон бошад бо изҳори тасалли ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, мутаассифона, вируси маккор аз байн бурдани ҷони азизони моро бераҳмона идома медиҳад.
«Хотираи неки хоҳари Шумо дар дили тамоми халқи тоҷик ҳамчун як шахси дорои меҳрубонӣ ва хиради фавқулода, ки тамоми ҳаёти худро ба фаъолияти пуршарафи тарбияи насли навраси арзанда бахшидааст, боқӣ хоҳад монд», — омадааст дар номаи Тоқаев.
Дар номаи талассияти ҳамтои туркмани Эмомалӣ Раҳмон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов омадааст: «Даар ин лаҳзаи душвор ба ғаму андӯҳатон шарик буда, ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон сабри ҷамил ва таҳаммул мехоҳам».
Дар баробари президентҳо, ҳамзамон собиқ раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ ба президенти Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ карда гуфтааст, хабари даргузашти хоҳари азизатонро бо андӯҳи амиқ дарёфтам
Ӯ бо изҳори амиқи ҳамдардӣ гуфтааст, ки даргузашти шахси наздик фоҷиаи ислоҳнопазир аст.
«Итминон дорам, ки симои дурахшони марҳум, ки дар иди муқаддаси Қурбон ба файзи Аллоҳ гузаштааст, дар қалби пайвандон ва дӯстон ҷойгоҳи фаромӯшнашаванда хоҳад гирифт», — омадааст дар номаи ҳамдардии Назарбоев.
Бояд зир намуд, ки Қурбонбӣ Раҳмонова хоҳари 64 — солаи президенти Тоҷикистон бар асари коронавирус рӯзи 20 июн даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *