Ворух анклав нест. Сафари Президент ва бардошти рӯзноманигорон

Дохилию хориҷӣ: ду равзанаи як мушкил

Печутоби роҳ калобаи андешаҳои дар майна печидаро мемонд. Кайҳост, ки рӯзноманигорони дохилию  хориҷиро савори як автобус надида будам. Дар тасаввур онҳо аз ду дидгоҳ  ба масоили Тоҷикистон назар меандохтанд. Аммо ҳоло мушкилоте ба сари мардуми Ворух омада буд. Қирғизистон даъво пеш оварда буд, ки Ворух мулки ӯст. Мехостанд чарогоҳҳое, ки замоне Тоҷикистон муваққатан дар ихтиёрашон гузошта буд, ғасб кунанд.

Моҷарои Ворух , чун замоне моҷарои  «Роғун», рӯзноманигоронро ба ҳам оварда буд. Тӯли солҳои охир бори аввал буд, ки рӯзноманигорони дохилию хориҷии муқими Тоҷикистон Президенти Тоҷикистонро дар сафар ҳамроҳӣ мекарданд. Ба сафар ҳамроҳ кардани онҳо ташаббуси кӣ буд, муҳим нест. Муҳим он буд, ки чунин як даъватро ба хушӣ пазируфтанд ва мехоҳанд дар ғурбати ба сари мардум омада шарик бошанд.

Ба чеҳраи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ менигарам. Ҳама тоҷик, ба истиснои як нафар, ки нимтоҷик буд. Онҳо хандаю базлагӯӣ мекунанд, оғӯши муҳаббат ба ҳамдигар мекушоянд. Вале дарёфти посухи як савол маро азият медиҳад: чаро маҳз мушкилот водор месозад, ки ин ангуштони парешонро ба мушти обдор мубаддал созанд? Иллат дар чист? Будани ду равзана ё муносибат бо ин равзанаҳо?

Таваққуфи автобус риштаи андешаамро канда кард.

Нақби “Шаҳристон”-ро гузаштем. Рӯзноманигорон аз автобус чун як тан берун шуданд ва акси дастаҷамъӣ гирифтанд. Магар акси дастаҷамъӣ маънии аз як равзана ба воқеият назар андохтанро дошт?

Пазироӣ дар Хуҷанд

Пазироии рӯзноманигорон дар Хуҷанд пазироии роҳбари олимақоми кишвари дигарро ба хотир меовард. Дастархони густурда, ҳофизону раққосони шинохта. Ин усули маъмулии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода буд. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода одоби пазироии меҳмононро бо тамоми назокат ба ҷо меоварад. Бо вуҷуди ташрифи меҳмони воломақам Пешвои миллат ба Хуҷанд,  Раҷаббой Аҳмадзода вақт пайдо кард ва ҳузури рӯзноманигоронро дар ин шаҳри бостонӣ хайрамақдам гуфт.

Ин лаҳзаҳо чун умри одамӣ кӯтоҳанд. Садои мусиқӣ паст гашт, раққосаҳои кабкхироми танноз бо табассуми ширин нозу карашмакунон саҳнаро тарк карданд. 

Дар берун мошинҳо моро интизор буданд. Луқма дар даҳон, пойҳои аз хастагӣ наосида ба ҳаракат даромаданд. Рӯзноманигорон савори мошинҳо шуданд. Исфара моро интизор буд.

Оғӯши Исфара

Дарҳои бози истироҳатгоҳи «Зумрад» моро интизор буданд. Албатта, он ҳаловату хизматрасоние, ки дар Хуҷанд буд, дар Исфара рӯзноманигорон надиданд. Чеҳраҳои турши пешхизматон, ки хоси ҳамкасбонашон дар ошхонаҳои маъмулии Душанбе аст, ба табассум моил нагардид. Дастҳо моили шӯрбою оши палови рӯи миз буданд, аммо чашму даҳон лаззати дастархони Хуҷандро меҷустанд. Нишасти сари мизи ин даргоҳ кӯтоҳ буд. Зеро фардо соати 6-и субҳ журналистонро сафари Ворух интизор буд. Роҳ то Ворухро мардуми маҳаллӣ пули сирот ном мебурданд. Фардо бояд аз пули сирот мегузаштем.

Пули сирот

Роҳе, ки моро замоне тавассути Чоркӯҳ ба Ворух мебурд, масирашро дигар карда буд. Замони  Шӯравӣ он аз соҳили рости дарё аз деҳаи қирғизнишин мегузашт. Аммо ҳоло он баста буд. Мошинҳое, ки ҷониби Чоркӯҳ ва Ворух мераванд, аз деҳаи тоҷикнишини соҳили рост убур карда, ба роҳи собиқ мепайванданд. Дар оғоз ва анҷоми ҳар қирғизқишлоқ мошинҳо хок рехта буданд, ки нақлиёти Тоҷикистон аз он убур накунанд. Аз чеҳраи қирғизҳо метавон дарк кард, ки аз ин амали иғвобарангези марказашон нороҳатанд. Зеро бо мардуми Исфара унс гирифта буданд, пешрафти рӯзгорашон ҳам марбути додугирифт бо мардуми муқими ин минтақа — тоҷикон буд. Баъди Чоркӯҳ деҳаҳо чунон бо ҳам даромехта буданд, ки куҷо Тоҷикистону куҷо Қирғизистон буданашро фаҳмидан душвор буд. Вале ронандаи мо Давронҳушёр, ки борҳо ба ин минтақа сафар кардааст, ба ёрии мо мешитобад.

— Ҷое, ки роҳи қирпӯш аст, Тоҷикистон, ҷое, ки роҳ валу вайрон Қирғизистон,- мегӯяд  ӯ.

Деҳаҳои қирғизнишин соҳиби истгоҳи фурӯши сӯзишворӣ (автозаправка) буданд, ки дар онҳо нарх бо пули тоҷикӣ- сомонӣ нишон дода шуда буд. Дастгоҳҳои насбшуда зери чангу хок монда буданд.  

— Чаро ин деҳаҳо марбути Қирғизистон ҳастанду нархҳо ба сомонӣ нишон дода шудаанд? — мепурсам аз Давронҳушёр.

— Чунки қирғизҳо дар ин ҷо ангуштшуморанд. Бензинро асосан тоҷикон мехаранд. Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст. Сӯзишворӣ аз Русия ва Қазоқистон бе андоз ворид мешавад. Нархаш арзон. Корчаллонҳои Бишкеку Боткент сари ҳар қадам истгоҳи бензинфурӯшӣ сохтанд. Шумораашон беҳисоб. Пештар аз ҳама минтақаҳои Исфара ба ҳамин ҷо омада, ба мошинашон бензин мерехтанд. Корчаллонҳои Душанбе ҳам, аз ҳамин ҷо бензин мебурданд. Акнун мардуми таҳҷоӣ аз ин ҷо бензин намегирад.

Давронҳушёр дар гап усто буд.  

— Чӣ гуна мардуми қирғиз дар замини тоҷикон муқимӣ шуданд?

— Ако, охӣ ман таърихчӣ нестам –ку. Лекин бобоҳомон мегуфтанд, ки қирғизҳо моли тоҷикоя мепоиданд, қувваи арзони кор  буданд, чӯпонӣ мекарданд. Тоҷикӣ дасткушод барояшон муроот кард. Қирғизҳо қутанашонро оғил, оғилашона хона карданд. Медонед –ку, қирғизо сербачу качаанд. Оҳиста-оҳиста зиёд шуданд.

— Сарҳади қирғиз қутанаш гӯед.

— Ҷони гапро гуфтед. Як ҷӯраи қирғизам гуфт, ки бандитҳое, ки сол мегиранд, ба ҳамин ҷо мефиристанд. Мегӯянд, ки ту озод, аммо дар ҳамин минтақа хона кун, чанд сол, ки гирифтӣ дар ҳамин ҷо гузарон, ту озод. Дарҳои бастаи бисёр хонаҳои қирғизҳо аз ҳамин ҳисоб. Дар баъзе хонаҳо як мард зиндагӣ мекунад. Ҳушёр шудан даркор. Вай бандит будагист.

— Ҳамин тарс буд, ки қадам ба қадам замини тоҷикоро гирифтанд.

— Гуфтед -дия. Як гап мегӯям байни худамон. Онҳо автомат доранд. Ҳатто иҷозат додагӣ, ки парронанд. Ёдатон ҳаст, як қирғиз чанд тоҷикро парронд. Ба вай пинҳонӣ орден доданд.

— Ин гапҳо дурӯғанд.

— Хайр, пеши шумо дурӯғу пеши Худо рост.  

  Масчоҳқишлоқ   

Баробари дидани навиштаҷоти Ҳоҷа Аъло аз ронанда хоҳиш кардам, ки мошинро нигоҳ дорад. Аммо ӯ баръакс суръатро зиёд кард.

— Акоҷон,  ин минтақа хатарнок, мана дар бало нагузоред. Ман супориш гирифтагӣ, ки аз калона берун набароям.

Бо ин деҳа ман аз соли 1983 шинос ҳастам.  Аз Маскав, аз рӯзномаи «Комсомольская правда» сафари хидматӣ омада будам. Миёни сокинони деҳа, ки онро Масчоҳқишлоқ ҳам мегӯянд, бо ҳамсоядеҳаи қирғизнишин  моҷарои об хеста буд.  

Обро бастани ҷониби қирғизҳо  сокинони Масчоҳқишлоқро маҷбур сохта буд, ки бо белу каланд ба кӯча бароянд. Онҳо хилофи раъйи зимомдорони он замон аз деҳаи қирғизнишин гузашта, пеши обро барояшон кушоданд. Он вақт Бишкек аз «бесарӣ» и сокинони Масчоҳқишлоқ ба Маскав шикоят мекунад. Сафари ман ба иртиботи омода сохтани гузориш аз ин ҳодиса буд. Як ҳафта мисли моку байни Мачоҳқишлоқ ва Ленинобод даву тоз доштам. Аслан мардуми оддӣ ҳарф мезаданд. Роҳбарони вилоят ё аз мулоқот мегурехтанд, ё бо «далел»- и «боло медонад», ё сухани «уко, мана таги бало намонед» аз суҳбат саркашӣ мекарданд. Ҳатто роҳбари шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Кумитаи ҳизби коммунистии вилоят бо баҳонае ронандаи мошини ба ман вобасташударо гурезонд.

Ҳақ бар ҷониби мардуми Масчоҳқишлоқ буд. Касе ҳуқуқ надошт, ки дар гармии тобистон пеши роҳи оби майдони кишоварзиро бандад. Он вақт Масчоҳқишлоқ, ки ҳақ бар ҷонибаш буд, ғалаба кард. Ҳарчанд бо дастури роҳбарони онвақтаи Тоҷикистон саркардагони ин ошӯбро саркӯб карда буданд. Гузорише аз ин моҷаро омода сохта,  ба рӯзнома пешниҳод кардам. Аммо чоп нашуд. Далели чоп нашуданашро то ҳанӯз намедонам. Шояд дахолати Бишкек буд, ё мавқеъгирии Маскав. Умуман, чунин моҷароҳо бар манфиати сиёсати ҷудо андохтану ҳукумат рондани СССР буд.

Моҷарои замин дар Исфара мероси бади роҳбарони он замони ҷумҳурӣ буд, ки  ба роҳбарони имрӯзи  Тоҷикистони соҳибистиқлол боқӣ монд.

 Интизори рӯзноманигорон аз Президент

Ифтитоҳи иншоот дар Ворух барои иддае аз рӯзноманигорон мароқангез набуд. Онҳо интизори баёния ба иртиботи ҳарзаҳои «демократҳои кӯчманчӣ» (таъбири собиқ Президенти Қирғизистон Алмосбек Атамбоев)  буданд.

Ин суханон такрор ба такрор садо медиҳанд. Ҳарчанд амали Президент ҳокӣ аз гуфтании ӯ буд. Ифтитоҳи мактаб, хати об, Кохи фарҳанг, парчами 50- метраи Тоҷикистонро дар дили водии Ворух насбгашта худ баёнияи Пешвои миллат буданд.

Ҳангоми ифтитоҳи маркази фароғатию варзишӣ Пешвои миллат ба рӯзноманигоре дар ҳузури дигар рӯзноманигорон рӯ оварда, ишора ба кӯҳҳои барфпӯш, дарахтони ҳанӯз бедорношудаи домани кӯҳ, зардолузори гулпӯши водӣ карда (дар як вақт се фасли сол дар як деҳаи Ворух),  гуфт:

— Бингар ба ин манзараи зебо, ба ин диёри хушҳаво.

Маънӣ,  ин ҳама атои Худованд ва ҳосили заҳмати мардуми меҳнатқарини тоҷик аст.

Бо вуҷуди ин, сокинони деҳа, рӯзноманигорон интизори шунидани посух  ба ҳарзаҳои «демократҳои кӯчманчӣ» буданд.

Ин суханони Президент ҳангоми мулоқот бо сокинони Ворух нуқтаи қулфқушо буд: 

«Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух мерасонам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст.

Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад.

Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд.

Тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид.

Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем.

Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

Як нуктаи муҳими дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Мувофиқи маълумоти «Бобурнома»–и Заҳириддини Бобур «Исфара, аз ҷумла Ворух дорои обҳои равон ва боғчаҳои босафо будааст. Дарахтони босамараш бисёр ва бештари боғҳояш бодомзор мебошанд.

Мардумаш тамом сарт ва кӯҳӣ ( яъне тоҷик ва кӯҳистонӣ) буда, форсигӯянд. Исфара аз чор қисм – яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух ва чорум Ҳушёр иборат аст.

Аз рӯи ин маълумот ва сарчашмаҳои дигар равшан мешавад, ки Исфара макони таърихии тоҷикон буда, ин масъала аз тарафи олимони маъруфи таърихшинос ва бостоншиносони номдор низ тасдиқ гардидааст. Ёдгориҳои таърихие, ки дар ҳудуди шаҳр ва деҳоти он ҷойгир мебошанд, далели онанд, ки сокинони ин макон ҳазорҳо сол пеш бумӣ будаанд.Анъана ва расму ойинҳое, ки мардуми Исфара ва деҳоти он то ба имрӯз ҳифз кардаанд, бори дигар бостонӣ будани ин мавзеъро тасдиқ мекунанд».

Анҷоми суханронии Президент анҷоми сафар буд. Садои чархболҳо баланд шуд. Мо ҳам савори мошинҳо ба роҳ баромедем. Мошинҳо дар баромадгоҳи деҳа, ки аллакай ба шаҳраке табдил ёфта буд, бозистоданд. Ҳама рӯзноманигорон дар пояи навиштаҷоти «Ворух» ҷамъ омаданд. Баробари садои аксбардор, садои «Ворух, ғалаба аз мост!» баланд шуд. Ин рамзи ваҳдати рӯзноманигорон буд. Мо ҷониби мошинҳо давидем. Вале мошинҳо ба ҳаракат надаромаданд. Ҳайрон ба Давронҳушёр рӯй овардам:

— Чаро ҳаракат намекунем?

— Рӯзноманигорони расонаҳои хориҷӣ дар алоҳидагӣ дар пояи «Ворух» аксбардорӣ мекунанд.

Оқибат ба роҳ баромадем. Вале андешаҳои чун роҳи ағбаи «Истиқлол» ба ҳам печида, маро ором намегузоштанд:

Барои рӯзноманигор чӣ муҳим аст: ваҳдати касбӣ ба хотири фардои истиқлоли давлату миллат ё иртибот ба расонае, ки дар роҳи таъмини истиқлолу пирӯзии кишвари дигар қарор дорад?

Шариф Ҳамдампур,

Бахтовар Сафаров

(Душанбе — Ворух — Душанбе)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *