Занҳои тоҷик дар Парлумон нуфузи бештар пайдо мекунанд

Дар  Тоҷикистон 4485 нафар (23,4%) занон дар хизмати давлатӣ фаъолият доранд. Ин нуктаро Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани сеюми занони Авруосиё, ки 12- октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги русия  баргузор гардид, изҳор доштааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Парлумони кишвар иттилоъ дод,ки  мавзӯи ин нишасти байналмилалӣ «Вазифаи занон дар рушди дипломатияи сулҳ ва боварӣ» унвон гирифта буд. Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «барои ман ифтихори бузург аст, ки имрӯз ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷумани байналмилалии занон иштирок менамоям. Анҷумани имрӯза, ки таҳти шиори «Баррасии нақши занон дар ҷаҳони муосир ва таҳияи равишҳои умумӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ» баргузор мешавад, барномаи беҳамто барои табодул ва ҳамкории занони кишварҳои мо буда, дар расидан ба рушди муштарак саҳм хоҳад гузошт. Имрӯзҳо ҳеҷ кас шубҳа намекунад, ки баланд бардоштани мақоми занони тамоми ҷаҳон ва таъмини ҳуқуқу имконияти баробар барои онҳо шароити зарурии рушди иқтисод, тақсими захираҳо, амнияти давлатӣ ва дипломатия, ташаккули сиёсати кишварҳо ва минтақаҳо ва минбаъд гузариш ба рушди устувори ҷаҳон  мебошад».

Дилрабо Мансурӣ таъкид намудааст, ки аҳамияти ҳалли масъалаҳои гендерӣ дар он зоҳир мешавад, ки бо мақсади таъмини мавқеи арзандаи занон дар ҷомеа ва татбиқи сиёсати муассири гендерӣ, ки ба таъмини ҳуқуқ ва имконияти баробари мардону занон равона гардидааст, иродаи қавии сиёсӣ лозим буд ва ин ирода аз ҷониби раҳбари кишвари мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон инъикоси худро ёфт.

Тоҷикистон ҳамчун қадами аввал санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна табъиз нисбат ба занонро ба тасвиб расонд.

Ҳамин тариқ, агар дар солҳои 2015-2020 дар палатаи поёнии Парлумон – Маҷлиси намояндагон 15 зан намояндагӣ мекарданд, ки ин 23,8% шумораи умумии вакилон ва дар палатаи болоӣ — Маҷлиси миллӣ  6 зан буданд, ки 17,6% -ро ташкил медод, пас имрӯз палатаи поёнӣ аз 17 зан иборат аст, ки 37% шумораи умумии вакилонро ташкил медиҳад ва палатаи болоиро 8 зан ё 25,8% намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки  Дилрабо Мансурӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор ва ҳамзамон узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.  

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.