Ӯзбекистону Қирғизистон хостори визаи ягонаанд

Дар ҷаласаи комиссияи байнипорлумонии Қирғизистону Ӯзбекистон дар шаҳри Ӯш роҳандозии низоми ягонаи виза барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.

Хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон хабар додааст, дар ҷаласаи комиссияи байнипорлумонии Қирғизистону Ӯзбекистон дар шаҳри Ӯш  роҳандозии низоми ягонаи виза барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.

Ӯзбекистону Қазоқистон ҳанӯз дар моҳи феврали соли равон тасмим доштанд, ки низоми ҳамсон ба раводи Шенген — Silk Visa-ро ҷорӣ кунанд.

Вале он ба таъхир афтод. Иҷрокунандаи муовини аввали раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон Улуғбек Қосимхоҷаев гуфт, низоми мазкур барои он ҷорӣ нашуд, ки мавқеи ду кишвар дар робита ба низоми бидуни раводид бо кишварҳои дигар гуногун аст.

Коршиносон гуфтанд, як масъалаи дигар арзиши виза аст. «Қазоқистон як нархгузориро муайян кардааст, мо нархи дигарро. Мо бояд инро мувофиқа кунем. Аз ҳамин хотир, ҳоло мо ин ҷузъиётро мувофиқа дорем», — афзуд Қосимхоҷаев.

Қирғизистону Тоҷикистон низ омодаанд, ба тарҳи Silk Visa пайванданд ва Туркманистон дар ин замина фикр дорад. Имкони пайвастани Озарбойҷону Туркия низ дар оянда баррасӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *