Президент бо дуои сиҳат нашуду аз коронавирус фавтид

Магуфулӣ ба сокиноне, ки мубталои коронавирус буданд, тавсия дода буд, ки бо дуо табобат кунанд

Ноиби президенти Ҷумҳурии Танзания Самиъ Ҳасан Сулуҳ даргузашти президент Ҷон Магуфулиро эълон кард. Магуфули дар синни 61-солагӣ даргузашт Қаблан президент 10 март дар беморхонаи Кенияи ҳамсоя бо коронавирус бистарӣ шуд. Магуфули бори охир дар як чорабинии оммавӣ рӯзи 24 феврал ширкат варзид. Ӯ дар як конфронс дар маркази тиҷоратии шаҳри Доруссалом, ки пойтахти кишвар аст, суханронӣ карда буд. 27 феврал мебоист Магуфулӣ дар ҳамоиши сарони кишварҳои Ҷомеаи Африқои Шарқӣ ширкат мекард, аммо ба ҷои ӯ ноиби президент Самия Ҳасан Сулуҳ дар ин ҳамоиш ширкат варзид. Президенти фавтида дар кишвар чораҳои зидди вирусӣ ва карантин ҷорӣ накард. Вай ба сокиноне, ки мубталои коронавирус будаанд, тавсия додааст, ки бо дуо табобат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *