Президент кай савганд ёд мекунад?
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл барои маротибаи панҷум дар интихоботи президентӣ ғолиб омад, акнун савганд ёд мекунад
Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти Тоҷикистон охири моҳи ҷорӣ, аниқтараш рӯзи 30 — юми октябр баргузор мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷаласаи сеюми якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумон 30 октябр баргузор мешавад.
Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ