Президент: Кам-кам танқидамон кунед! Панҷ лаҳзаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент
Сафари навбатии Президенти кишвар ба Панҷакент чун ҳамеша хотирмон, аммо бо саҳнаҳои берунипротоколиашон ғайриинтизор буд.
- Гимни Саразм
Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд.
Президент нахуст дар ин мавзеи бостонӣ Рамзи Саразмро, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, ифтитоҳ карданд. Баъди садо додани гимни Саразм тантанаҳо ба муносибати 5500-солагии Саразм оғоз ёфтанд.
Баъдан дар ҳузури Президент муаррифии Дарвозаи Саразм сурат гирифт. Дарвозаи ин гӯшаи таърихи зиндаи миллати тоҷик бо сангҳои қиматбаҳои ороишӣ нақшбандӣ шуда, дар он рамзҳо ва акси асбобу ашёи аз ин минтақа дарёфтгардида таҷассум ёфтаанд.
Баландии дарвоза 12 метр ва паҳноии он 45 метр мебошад. Дарвозаи мобайнӣ бо баландии 13 метр ва паҳноии 8 метр бо сифати баланди меъмории миллӣ бунёд ёфтааст.
Таҷлили 5500 — солагии Саразм, ки мардуми тоҷик онро солҳои тӯлонӣ интизор буданд, лаҳзаи хотирмони ин сафар буд.
- Шубҳаи Президент ва ҳақиқати ҳол
12 сентябр Президенти кишвар дар шаҳраки Саразм бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи навбунёди сеошёна барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад. Зимни ифтитоҳи бинои мактаб воқеаи аҷибе рух дод. Шоҳидон мегӯянд, ки Сарвари давлат дар яке аз синфхонаҳо суол мекунанд:
-Чанд нафар аз физика баҳои 5 доранд?
6 нафар даст мебардоранд.
-Чанд кас аз риёзиёт баҳои 5 мегиранд?
Ҳама синф даст боло мекунад.
Якбора даст боло кардани 24 хонанда Президентро ба шубҳа меандозад ва журнали синфро талаб мекунанд. Воқеан, аз фанни риёзиёт ҳама панҷхон буданд.
Сарвари давлат ва ба имтиҳони хонандагон оғоз мекунанд. Толибилмон ба ҳамаи саволҳо посух медиҳанд.
-Муаллими инҳо кист? – гӯён Пешвои миллат ҷӯёи омӯзгор мешаванд.
Муаллими ҷавон даст пеши бар ҳозир мешавад.
Ин қазияро Ҷаноби Олӣ ҳангоми суханронии омӯзгори ҷавон ба аҳли маҷлис нақл карданд. Президент омӯзгори ҷавонро як миқдор маблағ, телевизор, яхдон ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ карда, ба Вазири маориф ва илм дастур доданд, ки феномени панҷхонӣ аз фанни риёзиёт дар ин мактаб мавриди омӯзиш қарор гирад.
Афсӯс, ки ин саҳна тариқи телевизион нишон дода нашуд.
- Президент дар кадом мошин?
Амали Хосият ном духтараки деҳотиро, ки аризаашро бевосита ба дасти Пешвои миллат дод, дар расонаҳо қаҳрамонӣ арзёбӣ мешавад. Ҳарчанд он як амали маъмулии як шаҳрванд аст.
Хосият Олишова, хонандаи синфи 10, сокини шаҳри Панҷакент субҳи 12-уми сентябр, ҳангоми ҳаракати корвони мошинҳои ҳайати давлатӣ бо ҳамроҳии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба самти бинои панҷошёнаи “Саразм- плаза”, бо садои баланд “Президент дар кадом мошинанд?” аз ҳалқаи нигаҳбонон раҳоид ва худро ба мошине расонд, ки Пешвои миллат менишастанд.
Муҳофизон мехоҳанд пеши роҳи ӯро гиранд, аммо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур медиҳанд, ки садди роҳаш нашаванд ва гузоранд, ки наздашон ояд. Хосият номаашро ба Президент месупорад. Баъди он ӯро ба Ҳукумати шаҳри Панҷакент мебаранд.
Умед Ҳабибов, роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент ба расонаҳо гуфт, ки шаҳрдории Панҷакент 13 сентябр ба хонаводаи Хосият орду равғану маҳсулоти дигар ва 10 ҳазор сомонӣ пул кумак расондаанд.
Мақсуда Аҳророва, директори мактаби рақами 71-и шаҳри Панҷакент, ки Хосият дар он таҳсил мекунад, гуфтааст, ки Хосият дар номааш аз Президенти кишвар хоҳиши манзили зист кардааст, зеро ӯ бо модараш дар иҷора зиндагӣ доранд. Ба гуфтаи директори мактаб, падари ин духтар се моҳ пеш фавтидааст ва онҳо бесарпаноҳ мондаанд. Инчунин, мудири мактаб гуфтааст, ки Хосият дар мактаб аз ҷумлаи хонандагони фаъол аст.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи Президенти кишвар гуфт, ки нома ба дасти Пешвои миллат буда, дар ҳоли баррасӣ аст.
Аҷабо, чаро масъулини шаҳр то ин дам натавонистанд ба арзи Хосият Олишова бирасанд? Магар интизори он буданд, ки ӯ номаашро ба Пешвои миллат супорад?
- Кам – кам танқидамон ҳам кун
Баъд аз суханронии Президент дар Саразм нахуст Нилгуна Раҳмонзода, донишҷӯи курси якуми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баромад намуда, аз Сарвари давлат ситоиши зиёд кард. Дар миёни суханронӣ Президенти кишвар гуфтанд: “Кам – кам танқидамон ҳам кун. Таърифи бад ҳам… хайр, таъриф ҷой дорад”.
Вале Нилгуна Раҳмонзода ҳозирҷавобӣ карду гуфт: “Шумо арзандаед, Пешвои муаззами миллат”. Бо ҳамин саволу ҷавоби кӯтоҳи Президент бо ӯ сурат гирифт. Президенти кишвар аз духтарак пурсиданд, ки ҳадаф аз ҳуқуқшинос шудан дар чист, аммо ҷавоб нагирифтанд ва Нилгуна ба ҷойи ҷавоб аз вохӯрияш бо Призидент, ки ҳанӯз дар 6-солагияш буд, гуфт.
- Туҳфаи Президент: хома ба навқалам
Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11-и МТМУ №28, деҳаи Сор ҷамоати деҳоти «Моғиён» иштирок дошта, суханронӣ кард ва чанд пора шеър хонд.
Раъно аввал шеър хонд ва пасон худро эҷодкор, рӯзноманигор, тарҷумон ва иштирокчии фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” муаррифӣ кард.
Вақте ки Раъно аз чопи маҷмӯааш гуфт ва ишора намуд, ки он зери назари Темур Зулфиқоров ва Фарзона аз чоп баромад, Президент гуфтанд:
— Дар аввали сухангӯият фикр кардам, ки Фарзона омадааст назди микрофон.
Президент аз ӯ пурсиданд, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ?
Журналисти байналмилалӣ.
Аз лаҳни суҳбат дарёфтан мумкин буд, ки Пешвои миллат сабаби ин касбро интихоб кардани Раъноро мехостанд донанд.
Ҷавоб қотеъона буд:
Мехоҳам публисистикаи тоҷикро ба пояи баланд бардорам..
Воқеан ҳам, журналистика ва публисистикаи тоҷик зарурат ба чеҳраҳои тоза ва қалами воқеъбин дорад. Зеро бо журналистмаобон солҳои охир эътибори ин касб коста гаштааст.
Дар охир Президент ба истеъдод, дониш ва суханварии Раъно баҳои баланд дода, ба ӯ хома ҳадя намуданд.
«Ҳадиси Саразм” ном шеъри Раъноро манзури шумо мегардонем:
Саразм, сархати китоби хусравон туӣ,
Ҳадиси Шарқ дар нигоҳи ину он туӣ.
Сари замини садҳазорсола рафтаҳо,
Сари маҷолису ҳадиси ҳар макон туӣ.
Мисоли васма рӯйи дасти шоҳиди замон,
Миёни гулшани фасона мисли бон туӣ.
Нишони асрҳо вуҷуди миллати куҳан,
Ба куллиёти давр муҳри ҷовидон туӣ.
Ба рағми ҳузнҳои кулфати сулолаҳо
Ба рӯйи ваҳдату ягонагӣ данон туӣ.
Туӣ зи файзи ҳар замона муждаи сапед,
Ба хони неъмати замонаҳо гулон туӣ.
Саразм, будаӣ агарчӣ порае зи даҳр,
Кунун заминаву замонаи ҷаҳон туӣ.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ