Президент: Пардохтҳои иҷтимоӣ сари вақт дода шаванд

Ба иттилои дафтари матбуоти президент,Роҳабари Давлат  дар маҷлиси Ҳукмат гуфт, ки буҷети давлатӣ барои соли 2022 ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи КОВИД — 19, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.

Президент таъкид кардааст, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадориҳои давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

                                                                                              
«Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба ин соҳаҳо равона кардани 14,6 миллиард сомониро пешбинӣ намудааст, ки он 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад», — таъкид кардааст Президент.

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла вазъи ҷаҳони имрӯза, мавҷҳои навбатии пандемияи КОВИД — 19 ва тағйирёбии иқлим, гуфтааст, ки дар чунин шароити ҳамоҳангсозӣ ва таъмин намудани мутавозинии татбиқи сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.

Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат бояд сари вақт, пурра ва сифатнок иҷро карда шаванд.

«Барои иҷроиши босифати буҷет ҷиҳати баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андозӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ, сари вақт ва пурра таъмин гардад», — таъкид кардааст, президент.

Барои таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда пурра таъмин карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *