Президенти Олмон , дар ҳаллии мушкили Афғонистон ҷонибдори Тоҷикистон аст
Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатӣ номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардори Тоҷикистон.
Ба гуфти сиёсатмадор ин фурсати фараҳбахшро чун соли гузашта оқибатҳои ҳамагирии КОВИД-19, ки ба ягон кишвари дунё бетаъсир намонд, тира сохтаанд.
Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки пандемияро бо амали муштарак ва ибрози ҳамдилӣ пушти сар кардан имкон дорад. Кишвардор афзуда, ки Олмон дар ин ҷода тамоми саъю талошҳои худро ба харҷ дода истодааст.
Штанмайнер дар ин номаи худ ба масъалаи Афғонистон низ дахл карда гуфтааст, ки дар ин самт ҷонибдори Тоҷикистон аст.
«Бо дар назар гирифтани вазъи кунунии Афғонистон қайд карданиам, ки Олмон ҳамчун шарики муътамад ҷонибдори Тоҷикистон мебошад», — омадааст дар номаи шодбошӣ.
Ҳамин тавр, президенти Олмон ба Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно кардааст.
Пештар хабар дода шуд, ки НАТО саъй дорад Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро ба қабули садҳо ҳазор гуреза аз ин ҷумҳурӣ розӣ кунонад.
Ғарб дар назди ин кишварҳо шартҳои ҷолиб гузошт: агар онҳо ба гурезаҳои афғон иҷоза диҳанд, соҳиби маблағҳои зиёд ва захираҳо мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ