Президенти панҷуми Қирғизистон Жеенбеков истеъфо медиҳад
Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон шаби 9 октябр муроҷиатномаи нави Сооронбой Жээнбековро нашр кард.
Президенти Қирғизистон дар ин муроҷиатномааш гуфт, омода ҳаст баъди ташкили ҳукумати нав бо ихтиёри худ тарки мақом кунад.
«Ба мо лозим аст, ки ҳарчӣ зудтар вазъияти пешомадаро ба маҷрои қонунӣ баргардонем. Баъди онки роҳбарони қонунии ниҳодҳои ҳукумати иҷроия тасдиқ шуда, кишвар ба роҳи қонуният бармегардад, ман тайёрам аз мақоми президенти Қирғизистон биравам», — гуфта мешавад дар изҳорот.
«Ман мехоҳам тағйироти кадрии суратгирифтаро қонунӣ кунам. Барои ман ягон мансаб болотар аз якпорчагии давлат, ваҳдати мардум ва оромии ҷомиа нест», — гуфтааст Жээнбеков дар муроҷиатномааш.
Тибқи қонунҳои Қирғизистон, дар сурати ихтиёран тарки мақом кардани президент, иҷрокунандаи вазифаи президент бояд раиси парлумон шавад. Як қисми вакилони Жогорку Кенеш Миктыбек Абдилдаевро раиси парлумон интихоб кардаанд, вале машрӯияти ӯ суолбарангез боқӣ мемонад.
Куҷо будани Жээнбеков маълум нест. Суханғӯи вай гуфт, ки президент субҳи 6 октябр қароргоҳашро тарк кард, вале дар Бишкек қарор дорад.
Аз соли 2005 Жээнбеков инак панҷумин президенти Қирғизистон аст. Ду президенти қаблӣ – Аскар Оқоев дар соли 2005 ва Қурмонбек Боқиев дар соли 2010 – дар натиҷаи эътирозҳои густардаи мардум барканор карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ