Президенти собиқро аз мӯяш кашола карданд

 Президенти собиқи Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ гуфт, ки ӯро пас аз интиқол аз зиндони шаҳри Руставӣ ба бемористони зиндон дар канори Тифлис латукӯб кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба вакили дифои ӯ Ника Гварамия, ки номаи Саакашвилиро хондааст, менависад. «Кормандони беморхонаи маҳбас дар вақти ба берун овардани ман аз мошин кашола карда, ба гарданам чанд зарба заданд. Онҳо  аз мӯи ман мекашиданд ва албатта, дар он вақт ман ба онҳо муқовимат мекардам.» — гуфт сиёсатмадор. Гварамия гуфт, Саакашвилӣ аз табобат сарпечӣ мекунад ва гуруснанишинии худро идома медиҳад. Раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон рӯзи 1 октябр пас аз бозгашт ба ватан зиндонӣ шуд. Саакашвилӣ худро «маҳбуси сиёсӣ» номида, тақрибан дарҳол пас аз боздошт гуруснанишинӣ эълон кард. Ҳамзамон дар Гурҷистон алайҳи ин сиёсатмадор чанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки дар шуморе аз онҳо аллакай гунаҳкор дониста шудааст. Мақомот бо вуҷуди эътирозҳои пайвастаи мухолифон дар назди зиндон, аз раҳоии Саакашвилӣ худдорӣ мекунанд. Қаблан модари Саакашвилӣ гуфта буд, ки сиёсатмадорро бо чархбол «ба самти номаълум» аз зиндон берун бурданд. Ӯ  ваъда додааст, ки аз гуруснагӣ барои Ватан бимирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *