Профессор Сурайё Шукурова: Карантин лозим нест, ваксина гиред!

Тоҷикистон аз хуруҷи дигарбораи короновирус дар кишвар хабар дод. Ин дар ҳолест, ки 6 моҳи охир дар кишвар ҳолати сироятёбӣ ба КОВИД-19 сабт нагардида, мардум то як андоза бепарво шуда буданд. Аммо бозгашти дигарбораи короновирус бисёриҳоро нигарон кардааст.

Баробари расонаӣ шудани хабари хуруҷи дигарбораи короновирус тасмим гирифтем, бо терапевт ва ревматологи маъруфи тоҷик, профессор Шукурова Сурайё Мақсудовна ҳамсуҳбат гардида, тавсияҳои эшонро пешкаши шумо гардонем.

— Сурайё Мақсудовна, короновирус боз омад. Чӣ бояд кард?

-Короновирус аз байн нарафта буд. Фақат Тоҷикистони мо тавонист, ки як муддат пеши роҳи онро бигирад, вале дар кишварҳои дигар, ҳанӯз ҳам сироятёбӣ идома дошт. Акнун, ки ҳолатҳои сироятёбӣ дар мо ба қайд гирифта шуд, чӣ бояд кард? Эҳтиёт бояд шуд ва қоидаҳои беҳдоштро риоя кард.

-Бисёриҳо аллакай дар мавриди карантин ҳарф мезананд…

-Ман муқобили карантин ҳастам. Феълан ба карантин ниёзе нест. Фақат бояд мардум худашонро эҳтиёт кунанд. Ба ҷойҳои серодам нараванд, ниқоб пӯшанд, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода баранд ва ҳатман ваксина бигиранд.

Бисёриҳо аз ваксина задан худдорӣ мекунанд, зеро дар шабакаҳои интернетӣ дар мавриди ваксинаҳо ҳар хел овозаҳо паҳн мешавад. Шумо чӣ назар доред?

-Одамон бояд ба илм гӯш диҳанд, на ба ҳар хел овозаҳо. Илм собит кардааст, ки ваксинаҳои COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам ҳастанд. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки ҳама ваксина бигиранд. Таҳқиқот дар бораи ваксинаҳо чоп шудаистодаанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеае, ки ваксина шудаанд, гирифторӣ ва фавт ба COVID-19 хеле камтар аз ҷомеаҳое аст, ки ваксина нагирифтаанд.

-Ваксина гирифтан ба кӯдакон ҳам зарур аст?

-Ман ба кӯдакон сару кор надорам, зеро то ҷое медонам, сироятёбии кӯдакон ба короновирус мушоҳида намешавад. Ҳолатҳои гирифторӣ бошанд ҳам, кӯдакон бемориро бисёр сабук пушти сар мекунанд, бинобар ин, зарурати ваксина шудани онҳо нест.

-Киҳо бояд ҳатман ваксина бигиранд?

-Қариб ҳама. Ба ҳеҷ кас манеае нест. Ба мо бештар беморони қанд, дилу рагҳо муроҷиат мекунанд, ки оё ваксина гирем? Ман тавсия медиҳам, ки бале, нафарони калонсол ва дорои бемориҳои музмин бояд ҳатман ваксина бигиранд. Ҳатто онҳое, ки буғумдард ҳастанд ва солҳои дароз доруҳои вазнин истеъмол мекунанд, вақте ба ман дар мавриди ваксина муроҷиат мекунанд, тавсия медиҳам, ки бигиранд.

-Ба кадом гурӯҳи одамон гирифтани ваксина манъ аст?

-Нафароне, ки  дар ҳоли ҳозир бемор бошанд. Ё онҳое, ки дар ҳоли ҳозир аз бемориҳои сироятӣ табобат мегиранд. Онҳое, ки бемории музмини лахташавии хун ва норасоии гардиши хун доранд, то табобат ва эътидол омадани вазъи саломатиашон ваксина намегиранд. 

-Ба онҳое, ки як маротиба бемор шудаанд, ваксина тавсия мешавад?

-Бале, зеро далеле нест, ки нафари як маротиба беморшуда, дигар бемор нашавад. То он замоне, ки 80%-и аҳолии кишвар ваксина нагирад, гумон мекунам, бо короновирус мубориза бурдан душвор аст.

-Ба ғайр аз ваксина чӣ тавсияҳо медиҳед, то мардум аз короновирус эмин бошанд?

-Қоидаҳои беҳдоштро ҳама медонанд. Иммунитетро баланд бардоштан лозим. Барои ин, фаъолиятнокии ҷисмонӣ, хӯроки солим ва серғизо ҳатмӣ аст. Ҳамчунин, хоби солим барои баланд бардоштани иммунитет кумак мекунад. Одами солим бояд дар як шабонарӯз 7-8 соат хоб кунад, на кам на зиёд. Бояд бигӯям, ки тарсу ваҳм иммунитетро паст мекунад. Тавсия медиҳам, ки мардум ба таҳлука дода нашаванд. Дигар короновирус бемории нав ҳисоб намешавад, табибони мо роҳҳои табобати онро омӯхтаанд. Бинобар ин, бовар дорам, ки мо ба ин беморӣ ғалаба хоҳем кард, зеро аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии , феълан, ҳамаи чораҳо барои мубориза андешида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *