Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қасри теннис: Маҷмааи муҳташам ва беҳамто дар Осиёи Марказӣ

Бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон –Тоҷикистон ва боз ҳам шукуфон гардонидани сарзамини аҷдодиамон омили муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аст.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 ҚАСРИ ТЕННИС

Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе 21 июли соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд. Он  муҳташамтарин иншоотест, ки дар майдони 10 гектар  бунёд ёфтааст.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа соли 2012 оғоз ёфта, фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад. Дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании “Стройкомплекс”, “Марв-Сохтмон”, “Абусалмон”, “Заводи асфалту бетон” ва “Нури Ҳамадон”, дар маҷмӯъ, мутахассисони варзидаи 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд. Дар маҷмааи варзишӣ беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Баробари ба истифода додани маҷмааи мазкур беш аз 200 нафар  бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат аст. Ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.  Яке аз иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад, ки дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст. Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква – аэробика – рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Ҳавзи шиноварии болокушода низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардидааст. Маҷмааи нави варзиш ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, дар он имконияти баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайдо гардид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.