Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ректорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Краус Адолф Андреевич (1939 – 1942)

Хатмкардаи Донишкадаи тиббии Ленинград.  Директории Пажўҳишгоҳи санитарию бактериологии Сталинобод (1930).

Директори Донишкадаи тиббии Сталинобод (1939-1942). Аз соли 1945 ҷонишин ва вазири тандурустии Латвия.

Ромодановский Константин Владимирович (январ – апрели соли 1942)

Хатмкардаи факултети тиббии Донишгоҳи шаҳри Қазон (1912). Мудири кафедраи анатомияи эътидолии Донишкадаи тиббии шаҳри Омск (1921-1931), ректори ҳамин таълимгоҳ (1922- 1929). 

Соли 1942 директори Донишкадаи тиббии Сталинобод. Дар охирҳои умр профессори Донишкадаи тиббии Асрахан буд.

Прокопчук Андрей Яковлевич (апрел — ноябри 1942)

Муҳассили факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии 2-юми Москва (1920 – 23). Духтур, ординатор, дотсент, профессор ва мудири кафедраи бемориҳои пўсти Клиникаи дерматологии Минск (1923 – 41).

Мудири кафедраи бемориҳои пўсти Донишкадаи тиббӣ (1941) ва директори донишкада (апр. 1942 то окт. 1943). Соли 1943 барои кор ба Донишкадаи тиббии Ярослав даъват карда шудааст.

Макарченко Александр Федорович (ноябр — декабр 1942)

Хатмкардаи Донишкадаи тиббии Харков (1933). Неврофизиолог ва невропатолог, профессор, узви пайвастаи АИ ҶШС Украина, Арбоби шоистаи илми Украина. Сардухтури Беморхонаи физиотерапевтии Хуҷанд, мудири Шуъбаи тандурустии вилоятӣ, директори Донишкадаи тиббии Сталинобод, ҷонишини якуми Комиссариати Халқии Тандурустӣ (1941-1944).

Мудири Шўъбаи тандурустии КМ ҲК Украина, ҷонишини якуми вазири тандурустии ИҶШС, директори Ин-ти физиологияи ба номи А. А. Богомолетс, ноиби Президенти АИ Украина (1944-1971)

Скосогоренко Григорий Филиппович (1942 – 1944)

Хатмкардаи факултети тиббии Институти тиббии Харков (1926). Роҳбари аёсати илми ВТ РСС Украина (1935-37), ҷарроҳи намоёни беморхонаҳои низомии ш. Сталинобод (1941-42), дотсент оид ба курси ортопедия ва травматология кор кардааст.

Ректори Институти тиббии шаҳри Сталинобод (1942-1944). Директори Институти тиббии шаҳри Лвов (1944-50).

Хвейсени Дмитрий Василевич (1944 – 1947)

Муҳассили мактаби фелдшерҳои шаҳри Тифлис (1915) ва Донишкадаи тиббии Саратов (1928 – 34). Ҷонишини Комиссари халқии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1935 – 39).

Сардухтури Шифохонаи физиотерапевтии Сталинобод (1939 – 41), сардори Хадамоти санитарии Тошканд (1941 – 43), мудири Шуъбаи тандурустии шаҳри Сталинобод (1942 – 1944). Сарвари Донишкадаи тиббӣ (1944 – 47).

Сутулов Лев Северянович (1947 – 1950)

Муҳассили Академияи ҳарбии тиббии Ленинград (1927 – 1932).

Соли 1946 ба Тоҷикистон омада, аввал дар вазифаи мудири кафедраи гистология ва сипас баъди як сол (1947) дар вазифаи директори Донишгоҳи тиббии Сталинобод кор кардааст.  

Раҳимов Яҳё Абдуллоевич (1950 – 1957)

Анатом, доктори илмҳои тиб (1967), проф. (1967), узви вобастаи АИ ҶТ (1951), Ходими хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҷикистон (1957), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1987).  

Аз с. 1950 дотсент ва мудири кафедраи анатомияи эътидолии факултети муолиҷавӣ ва дар як вақт (то соли 1957) ректори ДДТТ. Солҳои 1957 – 1963 вазири тандурустии ҶТ буд.  

Хоҷаев Зикрулло Почоевич (1957 – 1965)

Ҷарроҳи асаб, доктори илмҳои тиб (1970), проф. (1971), Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1956), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1959).

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Баъди ҶБВ ассистент, дотсент ва мудири кафедраи ҷарроҳии умумии ДДТТ. Солҳои 1957 – 65 ректори ҳамин донишкада.  

Тоҷиев Комил Тоҷиевич (1965 – 1973)

Ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1960), проф. (1961), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1963), узви пайвастаи АФ ҶТ (1965). Дорандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1967).  

Иштирокчии ҶБВ (1941 –19 45). Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии Институти давлатии тиббии шаҳри Тошкент (1946 – 1951). Иҷрокунандаи вазифа (1952 –1954) ва мудири кафедраи ҷарроҳии умумӣ (аз 1960), ҳамзамон (1965 – 1973) ректори ДДТТ буд.

Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович (1973 – 1996)

Духтури оториноларинголог, узви вобастаи АИТ ИҶШС (1978), доктори илмҳои тиб (1968), проф. (1969), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1979).

Дотсенти кафедраи оториноларингология (1968 – 69), ноиби ректор оид ба таълим (1969 – 1973), проф. кафедраи оториноларингология (1969 – 1973)-и ДДТТ. Аз с. 1973 то охири умр ректори ҳамин донишгоҳ.

Рафиев Ҳамдам Қутфиддинович (1996 — 2000)

Эпидемиолог, доктори илмҳои тиб (1997), проф. (2000). Ректори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд (1978 – 93), мудири кафедраи эпидемиология, гигиена, микробиология ва бемориҳои сироятии факултети тиббии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1993 – 96), ҷонишини раиси Ҳукумати вилояти Ленинобод (1996), ректори ДДТТ (1996 – 2000), ҷонишини вазири тандурустии ҶТ (2000 – 2003).  

Файзуллоев Нусратулло Файзуллаевич (2000 – 2003)

Духтури педиатр, доктори илмҳои тиб (1994), проф. (1994).

Декани факултети педиатрӣ ва проф. кафедраи бемориҳои сироятии кўдакон (1993 – 1996), ноиби ректор оид ба корҳои таълим (1996 –2000) ва ректори ДДТТ (2000 – 2003).

Қурбонов Каримхон Муродович (2003 – 2005)

Духтури ҷарроҳ, узви вобастаи АИ ҶТ (2003), доктори илмҳои тиб (1998), проф. (1999), Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (2004). Аълочии тандурустии ҶТ (1996). 

Ассистент (1994 –19 98), дотсент (1998 – 99), проф. (1999) кафедраи ҷарроҳии умумии № 1 ДДТТ, декани фак-ти тибби умумии ДДТТ (2001 – 2003), ректор (2003 – 2005), мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 1 ДДТТ.  

Қурбон Убайдулло Абдулло (2005 – 2016)

Микроҷарроҳ, ҷарроҳи тармиму пластик, доктори илмҳои тиб (2004), проф. (2007). Барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1988), Мукофоти байналхалқии ба номи Суқрот («Socrates International Award»; ш. Оксфорди Британияи Кабир, 2007).

Профессори фахрии Донишгоҳи байналхалқии Вена (2009).Муовини директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина (2003 –20 05), ректори ДДТТ (аз августи 2005).

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ 2016 — с/ҷ сс.

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ҷарроҳи дараҷаи олӣ, доктори илмҳои тиб (2007), профессор (2008).   Гулзода М. Қ. аз соли 2008 профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и ДДТТ мебошад ва солҳои 2005-2009 декани факултети тиббӣ буд.

Аз сентябри соли 2009 дар вазифаи ноиби ректор оид ба корҳои илм ва табъу нашри ДДТТ кор кардааст. Аз 25 феврали соли 2016 ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.