Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Панҷакенти бостонӣ, ки ҳоло ба шаҳри хурраму ҳамешасабзи на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Миёна табдил ёфтааст, бештар аз 260 ҳазор нафар ҷамъият дорад ва сокинони саодатманди он дар маҳаллаҳои хурраму обод ва деҳоти пешрафта умр ба сар мебаранд.

Дар замони шӯравӣ дар ин ҷо коргоҳҳои хишту шаробпазӣ, коркарди тамокую ғалла, консерв, гӯшту шир, биноҳои сершумори маъмурию маишӣ ва истиқоматӣ бунёд ёфта, истеҳсолоти кишоварзӣ, бахусус шоликорӣ, тамокупарварӣ, чорводорӣ ва боғутокпарварӣ рушд кардааст. Вале пешрафти босуръати иқтисодию иҷтимоии шаҳр ва тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи он дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омаданд.

Ҳоло дар Панҷакент даҳҳо корхонаи саноатӣ фаъол мебошанд, ки бузургтарини онҳо ҶДММ КМ «Зарафшон» аст. Корхонаҳои саноатии шаҳр ба садҳо миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд ва дар байни онҳо корхонаҳои бузурге ҳастанд, ки дар саноати кишвар мавқеи махсус доранд. Акнун ин корхонаи муштарак дар назди худ боз чанд коргоҳу фарбикаҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаро ташкил ва ба кор дароварда истодааст, ки боиси дастгирӣ ва таваҷҷуҳ мебошанд.

Ба шарофати таҷдиди роҳи Айнӣ–Панҷакент кӯчаҳои марказии шаҳр васеъ, гулпӯш ва роҳҳои дохилии он ободу зебо гардиданд. Бо ибтикори роҳбарияти вилояту шаҳр кӯчаҳо мумфаршу гулзор, фурудгоҳ навсозӣ, корхонаву ташкилотҳо таҷдид ва бозсозӣ намуда, баъди боз гардидани марзҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон иқтисодиёти шаҳру ноҳия ба куллӣ беҳтар гардид ва имконоти содиротии корхонаву хоҷагиҳо бамаротиб афзуд. Солҳои охир дар шаҳр биноҳои 5–11 ошёнагии истиқоматӣ, калонтарин варзишгоҳ ва нахустин ҳавзи шиноварӣ дар водӣ, Кохи зебои фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, муҷассамаҳои бузурги асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ, устод Рӯдакӣ ва дар назди Қасри ҷавонон пайкараи устод Лоиқ Шералӣ бунёд гардиданд.

Аслан Панҷакенти қадим на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми олами пешин маълуму машҳур буд. Ин шаҳри қадимии давраи аввали асримиёнагӣ (садаҳои V–VIII), ки дар теппаи Қайнар (саҳеҳаш Кайнаҳр) боқимондаҳои тамаддуни он воқеъ гардидаанд, бо бозёфтҳои бешумори меъморию санъатӣ дар байни аҳли илми таъриху бостоншиносӣ мавқеъ ва мақоми хосро доро мебошад. 

Боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Саразм

Аз ёдгориҳои таърихии Панҷакенти бостонӣ Саразм (садаи V–IV пеш аз милод), Зардчахалифа дар канори ғарбии шаҳри Панҷакент (садаи V–VIII), Санҷаршоҳ воқеъ дар деҳаи Сӯҷина (садаи VI–VIII), мақбараҳои Хоҷа Муҳаммади Башоро (садаи IХ–ХIV), Абӯдардо дар деҳаи Заврон (садаи IХ–Х)-ро махсус ёдовар бояд шуд, ки ҳар кадом беҳамто ва муъҷаз буда, бозгӯи ҳунару истеъдоди нотакрори бунёдгузоронаш мебошанд.

Миёни ин ёдгориҳо имрӯз мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, воқеъ дар деҳаи Мазори Шариф, ки бо сохти меъмории худ дар Осиёи Марказӣ камназир аст, зиёраткунандагони сершумор дорад. Бино ба маълумоти таърихшиносон иморати мақбара дар қарнҳои IX–XII сохта шуда, пештоқи пурнақшу нигораш дар садаи XIV бунёд гардидааст. 

Дар қисмати шарқии деҳаи Мазори Шариф Хона–музейи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар» устод Лоиқ Шералӣ дари худро барои бинандагон ҳамеша боз медорад. Ҳар нафаре, ки ба зиёрати мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро меояд, Хона–музейи шоири шӯридадилро низ зиёрат мекунад.

Мақбараи падари шеъри тоҷикии форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд ва музейи шоир дар шаҳри Панҷакент соли 1958 ба муносибати 1100-солагии ҷашни устод бунёд ва баъдан чандин маротиба таъмиру таҷдид гардидаанд. Ахиран ба ифтихори ҷашни 1150-солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс мақбара аз нав бо тарҳи зебою муҳташам сохта шуд.

Панҷакент баробари макону манзили қадим будан воҳаи зебою хушманзара ва ободу хуррам низ ба шумор меравад. Бахусус дараи Арчамайдонро ниёгони мо басо муносиб ба манзараи афсонавиаш ном гузоштаанд. Кӯҳҳо саросар бо арчаҳои азими бисёрсола пӯшида шудаанд. Дарахтони санавбар, фарку хуҷ ва гиёҳҳои ду соҳили рӯд муҳити гарми тамузи тобистонро салқин ва биҳиштосо мегардонанд.

Дар пайроҳаҳои кӯҳии Арчамайдон чун дар дигар мавзеъҳои кӯҳистон, амсоли ағбаҳои Шер, Дугдон, Товасанг, Пушти кӯҳ, Сармад, Амшуду Казноқ, Кӯли Калон, кӯли Аловуддин, Ҳафткӯл, Марғузору Хуштарита бо гурӯҳҳои хурд-хурди сайёҳони хориҷӣ дучор омадан мумкин аст, ки аз гӯшаю канорҳои дури олам қадам ранҷа кардаанд, то бо таърих ва имрӯзи ин водии дилрабо ошно гарданд.

Ҳафткӯли беназири Панҷакент шуҳрати беҳамто дорад ва ҳазорсолаҳост, ки обҳои ҷонбахшу шаффоф ва манзараҳои дилчаспу назарфиреб номи онро ба ақсои олам машҳур гардондаанд.

Шаҳри Панҷакент на танҳо бо ҳамин ёдгориҳои қадимӣ ва манзараҳои дилфиреби кӯҳистонаш дар ҷаҳон шӯҳрат дорад, балки инсонҳои неку барӯманд, олимону шоирони ин сарзамини ҷаннатмисол шуҳрати шаҳрро дуболо кардаанд. Чунонки зикр кардем, бузургтарин фарзанди миллати мо устод Рӯдакӣ ҳазор сол инҷониб ин сарзаминро бо сухани олии худ дар олам муаррифӣ кардааст. Ворисони арзандаи ӯ Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, Файзулло Ансорӣ, Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод, Камол Насрулло, Баҳманёр олимони суханшинос Аълохон Афсаҳзод, Шарофиддин Рустамов, Холмурод Шарифов, ҳунармандони номвар Раҷабгул Қосимова, Афзалшоҳи Шодӣ ва дигарон кофист, ки саҳми бузурги аҳли илму адаб ва заҳмати водиро равшан дарк намоем. Садҳо мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳру ноҳияро махсус номбар кардан мумкин аст, ки бо ҷоннисорӣ ва фидокорӣ ном баровардаанду боиси ифтихори мардум гардидаанд.

Дар ин шабу рӯзҳо Панҷакент қабои идона ба бар кардааст. Зеро мардуми шарафманди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати бонуфузи меҳмононро барои таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки ба феҳристи ёдгории ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст, омодагӣ мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро борҳо дар суханрониву мулоқотҳои хеш изҳор доштаанд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат тазаккур доданд, ки «Водии зебоманзари Зарафшон дар маҷмӯъ яке аз қисматҳои асосии сарзамини Суғд ба шумор мерафт, ки ин гуфтаҳоро таърихи шашҳазорсолаи Саразм ва Панҷакенти қадим собит месозад. Ва беҳуда нест, ки дар асоси мероси бузурги таърихиву фарҳангӣ ва меъмориву шаҳрсозии суғдиёни қадим як қатор муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ Панҷакентро «Помпеи Шарқ» ва «Флоренсияи хурд» номидаанд, ки ин бешубҳа, боиси ифтихори мардуми тоҷик аст».

Бо ин суханҳои Пешвои миллат навиштаи худро ба поён мерасонам ва ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ба Панҷакенти зебонманзару таърихӣ ва меҳмоннавоз даъват мекунам. Дари мо, дили мо ҳамеша барои шумо боз аст!

Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.