Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Иншооти ҷашнӣ дар Саразм. Аз меҳмонхона то беморхона

Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент

Бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ сохта шудааст. Беморхона замонавӣ буда, барои 200 кат дар масоҳати 11340 м2  (худи бино 977м2) иборат аз 4 ошёна ва таҳхона сохта шуд. Фармоишгари асосии бинои мазкур МИҲД-и вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ “СУ-3”-и шаҳри Панҷакент мебошад. Роҳравҳои саҳни бино сафолакпӯш карда шуда, аз ду тарафи он бо фаввораҳо ва ҷои нишаст (бисетка) муҷаҳаз мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №72 дар шаҳраки Саразм

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳри Панҷакент дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории КМ “Зарафшон” дар шаҳраки Саразми ҷамоати деҳоти “Саразм”-и шаҳри Панҷкент  барои 835 нафар хонанда сохта шудааст.

Ин мактаби нави замонавӣ аз 3 ошёна ва 3 блоки асосӣ иборат буда, дар он 26 синфхона, 2 утоқи муаллимон, 1 утоқи техникӣ, 1 хонаи посбон, 1 ҷои либоскашӣ ва синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, методӣ, анбори аёниятҳо ҷойгир карда шудааст. Бинои блоки “Б” дуошёна буда, дар он нуқтаи санитарӣ, утоқи духтур, муҳосибот, утоқи директор, 3 озмоишгоҳи химиявӣ ва физика, ҷой гирифтааст. Бинои блоки “В” толори варзишӣ буда, андозаи он 24 ба 15 метр ва баландиаш 8 метрро ташкил медиҳад.

Корхонаи бандубасти мева ва сабзавот

Корхонаи бандубасти мева ва сабзавоти хушконидашуда  дар масоҳати 4000 м2 ҷойгир мебошад. Дар  дохили бино 4 адад сардхона сохта, барои нигоҳдори маҳсулоти истеҳсолӣ сохта шуда, дар ҳар кадоми онҳо аз 280 то 350 тонна маҳсулот ҷойгир карда мешавад.  Дастгоњҳои коркарди мева дар сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Баъди ба истифода додани корхона 35 нафар  сокинон ва мутахассисони маҳаллӣ ба кори доимӣ ва 350 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Фармоишгари асосии таъмир ва навсозии биноро ҶСК “Маърифатпарвар” бар зимма дорад. Инчунин, дар паҳлуи бино сохтмони биноҳои коргоҳ ва марказҳои таълимии ҶСК “Маърифатпарвар” идома дорад.

Осорхонаи “Саразм”

Осорхонаи мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии “Саразм” 5500 сол таърихи қадима дошта, дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардид.

Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии “Саразм” аз меҳмонхона, осорхона, деҳаи куҳнаи Саразмиён, мавзеъҳои археологӣ, нишони Саразм ва мағозаҳои фурӯши молу маҳсулоти миллӣ иборат аст. Сохтмони он бо маблағгузории идораҳои асосии сохтмони шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардид.

Сохтмони дарвозаи асосии мамнӯъгоҳи таърихи бостоншиносии Саразм бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида, пудратчии он ҶСК “Панҷакентсоз” мебошад. Масоҳати дарвоза 65,5 м2 мебошад.

Деҳаи куҳна: Бо мақсади нишон додани тамаддуни миллӣ, урфу одат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи дасти рости осорхона дар масоҳати умумии 375,24 м2 сохтмони маҳаллаи қадимии саразмиён бо нишон додани маҳсулоти ҳунармандон 5 хонаи қадима ва 1 чойхона сохта шуд. Фармоишгари он МИҲД-и шаҳри Панҷакент буда, пудрачии он ҶСК “Суғд” мебошад.

Мағозаҳо: Дар даромадгоҳи мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии “Саразм” аз ду тарафи он сетогӣ мағозаҳои фурӯши молу маҳсулоти миллӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуд.

Меҳмонхонаи “Саразм-Плаза”

Корҳои сохтмонӣ меҳмонхонаи “Саразм-Плаза” моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардидааст. Фармоишгари он Абдумуин Қодиров ва пудратчӣ ҶСК “Панҷакентсоз”  мебошанд. Бинои “Саразм-Плаза” аз 6 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи бино аз ҳаммом, бассейн, толори варзишӣ, ҳуҷраи хӯрокпазӣ барои меҳмонон ва анбор, ошёнаи якум аз толори қабули меҳмонон, ошхона барои қабули 80 нафар меҳмонон, ошёнаи дуюм аз 4 vip ҳуҷра, ошёнаҳои сеюм, чор ва панҷ аз 2 ҳуҷраи vip, 2 ҳуҷра барои ду нафар, ду ҳуҷра барои як нафар, ошёнаи 6 аз 4 ҳуҷраи се нафара иборат мебошад.

Шуъбаи минтақавии Раёсати АНДММКҶТ дар водии Зарафшон

Сохтмони бинои маъмурии РАНДМ ва МК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғд дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент воқеъ аст. Пудратчӣ ҶСК “Асл”-и шаҳри Панҷакент буда, фармоишгари асосии он Идораи сохтмон ва меъмории Ҳукумати шаҳри Панҷакент мебошад.

Бинои мазкур аз 3 ошёна ва 1 таҳхона иборат буда, ошёнаҳои 1-ум ва 2-юми он бинои маъмурӣ буда, ошёнаи 3-юми он ҳамчун манзили истиқоматии кормандон истифода бурда мешаванд. Таҳхонаи бинои мазкур дорои ошхона, толори варзишӣ, анбор ва ҳуҷраи бойгонӣ мебошад.  

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.