Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нахустмуҳаққиқи Саразм

Соли ҷорӣ фархундаҷашни 5500 — солагии шаҳри Саразми бостонӣ таҷлил мегардад. Вақте ки мо Саразмро ном мегирем, симои нахустмуҳаққиқи ёдгорӣ,  олими шинохта шодравон Абдуллоҷон Исоқов ба назар аён мегардад, ки кашфиёти мазкур ба номи ӯ марбут аст.

Абдуллоҷон Исоқов 20 апрели соли 1935 дар деҳаи Чилғозии ноҳияи Исфара ба дунё омада, соли 1954 ба факултети таърихи Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои пойтахт дохил мешавад. Солҳои донишҷӯӣ ӯ маҳорату малакаи худро дар омӯхтани илми таърих нишон дода, пешаи бостоншинос шуданро интихоб менамояд. Баъд аз хатми донишкада соли 1958 бо роҳхати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар ҳафриёти Панҷакенти қадим ширкат меварзад. Маҳз фаъолияту тадқиқот дар куҳандизи Панҷакенти қадим таҳти роҳбарии бостоншиноси варзида А. Беленитский барои А. Исоқов имтиҳони ҷиддӣ ва мактаби таҷриба буд. Абдуллоҷон Исоқов соли 1965 аввалин алифбои суғдиро аз сарзамини Суғд дар рӯи порчаи сафол аз куҳандизи Панҷакенти Қадим дарёфт менамояд, ки ин кашфиёт аҳамияти бузурги илмӣ дошт. Соли 1972 А. Исоқов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Куҳандизҳои аввали асримиёнагии шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» ва соли 1991 рисолаи докториро дар мавзӯи «Маданияти кишоварзӣ –чорводории болооби Зарафшон дар аҳди энеолит ва биринҷӣ» дифоъ менамояд. Устод муаллифи 7 монография ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ мебошад.

А. Исоқов аз соли 1966 сарварии пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенти қадимро ба уҳда дошт. Тӯли фаъолияти хеш ба ҳайси сардори пойгоҳ шогирдони зиёдеро аз қабили С. Бобомуллоев, У. Эшонқулов, А. Раззоқов, Ш. Қурбонов ба воя расондааст, ки бостоншиносони мазкур имрӯз боиси ифтихори илми Тоҷикистон мебошанд.

Нахуст соли 1977 бозёфти сокини деҳаи Авазалии деҳоти Саразм Ашӯралӣ Тайлонов — табар — тешаи биринҷӣ А. Исоқовро водор менамояд, ки фаъолияти бостоншиносиро дар ёдгории Саразм оғоз намояд. Маҳз бо дастгирии академик Муҳаммад Осимӣ дар ёдгории навкашфгардида тадқиқот ва ҳафриёт оғоз меёбад. Омӯзиши ёдгориро дар илми бостоншиносии ҷаҳон мутахассисони хориҷӣ зуд дарк карда, хоҳиши дар ин ҷо тадқиқоти илмӣ гузарондан намуданд. Зимни ҳафриёт ва тадқиқот дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони Франсия, Амрико ва Россия муайян карда шуд, ки ёдгории Саразм аз чаҳор қабати маданӣ иборат буда, ибтидои маскуншавӣ ба нимаи дуюми ҳазораи IV қабл аз милод, яъне 5500 сол муқаддам, рост меояд. Дар натиҷаи тадқиқот, илман собит гардид, ки аҷдоди мо 5500 сол қабл соҳиби маданияти шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва   кишоварзӣ буданд.

Абдуллоҷон Исоқов барои ободсозӣ ва тадқиқот дар дил орзуву ормонҳои зиёде дошт, лекин, мутаассифона, соли 1997 дар 62 — солагӣ дар айни авҷи камолот риштаи умри ӯ канда шуд. 

Имрӯз рӯҳи устод шод аст. Зеро бо файзу баракати Истиқлолияти давлатии кишвар ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи Саразм муайян гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  солҳои 2003 ва 2005 аз Саразми бостон боздид ба амал оварданд. Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат  тайи солҳои 2004 — 2008 панҷ иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он панҷарабандӣ гардид. Соли 2001 ёдгории Саразм бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гашт. Соли 2010 бошад, он ба Феҳрасти фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил гашт…

Соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5500 -солагии Саразми бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Боиси хушнудист, ки зимни сафари Пешвои миллат дар саҳни Осорхонаи Саразм парда аз рӯйи нимпайкараи Абдуллоҷон Исҳоқӣ бардошта мешавад.

Ному кору пайкори устод Абдуллоҷон Исҳоқӣ ҷовидонист!

Норинисо Худоёров,

директори Пойгоҳи бостоншиносии Саразм

Бузургмеҳри Баҳодур

Бӯи Авасто

Шаҳри Саразми бостон, таърих ово мекунад,

Миллат нишони хешро з-ин шаҳр пайдо мекунад.

Чуну чаро ҳар кас кунад аз таърихи ин марзу бум,

Посух диҳад ҳар хишти он, беҳуда даъво мекунад.

Аз дида гарчи дур буд, асрори мо мастур буд,

Имрўз шаҳри нур шуд, равшан чу фардо мекунад.

Ин ҷо биё, Зардушт бин, дар лаҳзаи арғушт бин,

То ҳол оташҷои он бӯи Авасто мекунад.

Дар ҳар сафоли он сафо, девори он радди бало,

Қадри Ватанро ин Саразм оҳиста боло мекунад.

Ин хок айни давлатам, чун ҷонамози миллатам,

Чу ман Бузурги Меҳрҳо давлат таманно мекунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.