Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раҷаббой Аҳмадзода: Саразм — шаҳри саргаҳи тамаддунҳо

Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки имрӯз эътибор ва нуфузи Тоҷикистони азизи мо ба шарофати ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ пайваста боло рафта, пешниҳод ва ғояҳои созандаи Роҳбари давлати мо аз ҷониби бузургтарин созмонҳои ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳ ва истиқбол қарор мегиранд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои бошавкату шукӯҳманд, адолатпарвару миллатдӯст, раъиятпарвару дӯстдори мардуми меҳнатӣ ва тӯдакаши бемислу ташкилотчии беҳамто на танҳо дар қаламрави собиқ Давлати Шӯравӣ, балки дар арсаи олам чун меъмори қасри тафаккури миллат, вусъатбахши созандагии ҷомеаи муташаккили давлати нави тоҷикон шуҳрат ёфта, барои мардуми шаҳри бостонию ҳамешаҷавони Панҷакент ба андозае азиз гардиданд, ки бузургӣ ва шаҳомати он кас, ҳастии ормонпарвар ва заковату андешаи зубдаи даврони мо ба кулли сокинони шаҳру деҳот таъсири амиқ гузоштанд.

Халқи Панҷакент, ки душвориҳои даврони касодии солҳои навадуми асри гузашта ва ҳолати бунбастиро аз сар гузаронд, хуб дар хотир дорад, ки аввалин иқдоми Роҳбари заковатманди мамлакат баробари бузургдошти «Авасто»-ю «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва 1100-солагии Давлати Сомониён, инчунин таҷлили 1150-солагии фарзанди нобиғаи ҳамин марзу бум Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Вақте дар ҷашни пири шоирони олам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан ронданд, Пешвои миллат аз асолати авлодии ин бузургвор ҳарф зада, таъкид намуданд, ки дар деҳоти Панҷакенти қадим дар хонаводаи содаю озодаи рустоӣ ба камол расидани шоири бузург нишони беҳтарин фазилатҳои инсониро доро будани тоҷиконро собит менамояд. Аз ин лиҳоз дар ҳамин гуна муҳит ва арзишҳои зиндагисоз тарбия ёфтани шахсияти нодир ба табиат ва хислатҳои ҳамидаи устоди шоирон бетаъсир намондааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун устод Рӯдакӣ, ки пири адибон маҳсуб мешавад, дар худ хислатҳои ҷавонмардию футувват, ҳиммату дасткушодӣ, бахшандагию меҳрубонӣ ва наҷобату шавкат, ғуруру шукӯҳмандӣ, сарбаландию виқорро, ки махсуси асилзодагон аст, таҷассум карда, Сарвари халқ будан ва масъулияти бузурги давлатсозии навини тоҷиконро дар ҳамин гуна ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ собит сохтанд.

Дар Анҷумани байналхалқӣ бахшида ба бузургдошти саромади мазҳаби суннат ва ҷамоат Ҳазрати Имоми Аъзам бошад, чунин нуктаро Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан таъкид намуданд: «Баъди ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ равобити халқи тоҷик бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мамолики гуногуни олам маҷрои куллан тоза пайдо карда, андешаи миллии тоҷикон дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ рушди фарогир ёфт».

Ташаббусҳои фарҳангсолоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амсоли таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии адабиёти классики ҷаҳон Камоли Хуҷандӣ, ки аз ҷониби созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО хуш истиқбол гардиданд, заминаҳои муҳими сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва ташкиливу бунёдиеро ба вуҷуд оварданд, ки соли равон бо қарори ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ба таври шоиста таҷлил карда мешаванд.

Аз рафти шиносоӣ дар корҳои сохтмонии мавзеи Саразм

Бояд зикр намуд, ки ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №391, аз 21 сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ»-ро соҳиб гардида, ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфт. Дар баробари ин Саразм бо қарори №198 аз 19 апрели соли 2001, таҳти роҳбарии олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми базаи бостоншиносии Панҷакентро гирифтааст ва аз ҷониби Ҳукумат барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд.

Сарвари ҷаҳонсолор ва Пешвои тадбирофари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам бо ишора ба аҳамияти байналмилалии фарҳангу суннат ва анъанаи таърихии миллати тоҷик даҳоёна таъкид карда буданд: «Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон – шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем».

Ҳамин тариқ, барои муаррифӣ кардани дастовардҳои илмӣ ва амалии бостоншиносони тоҷик заминаи айнӣ ба вуҷуд омад ва 12-28 ноябри 2019 дар Конфронси кулли ЮНЕСКО ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО, ки онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн хоҳанд гирифт, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм бо иттифоқи оро пазируфта шуд.

 Дар ҷаҳони муосир алҳол даҳҳо шаҳрҳои бостонӣ вуҷуд доранд, ки аз лиҳози аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ, ҳафриётӣ ва байналмилалӣ доштанашон ба феҳристи ёдгориҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд. Саразм низ аз ҷумлаи куҳантарин шаҳри ҳунар ва анъанаи маскуншавии муқимии инсонҳо ба қатори чунин ёдгориҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ангуштшумор аст, шомил гаштааст.

Боиси зикр аст, ки санаи 19-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиён дар робита ба омӯзишу таҳқиқи таърихи куҳанбун ёдамон, аз ҷумла чунин таъкид намуда буданд: «Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад».

Ҳанӯз дар ибтидои соли 2000 Сарвари давлат аз ёдгории Саразм дидан намуда, дастур дода буданд, ки корҳои муваққатан болопӯш кардан ва обод намудани шаҳрак таъҷилан ва бо сифати баланд роҳандозӣ гардад ва омӯзишу таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд.

Натиҷаи ҳамин талошу кӯшишҳо буд, ки давоми бист сол дар ин ёдгории беназир корҳои муайяни таҷдиду тармим ба анҷом расида, он имрӯз ба яке аз бузургтарин меъмории фарҳанги куҳани тоҷикон ва макони боздиди сайёҳону ҷаҳонгардон мубаддал шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз Саразм боздид намуда, ба пешрафти корҳои илмию амалии он диққати махсус медиҳанд. Бо дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкорона ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат дар солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш карда шуданд. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012 – 2020» қабул гардид, ки мутобиқи он барои татбиқи амалии барнома аз буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 64 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки ёдгории Саразм таҷассумгари дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши ҳунармандиву кишоварзӣ дар рӯзгори аҷдоди қадими ориёии мо дар асри биринҷӣ ба шумор меравад. Таҷлили ҷашни 5500-солагии ин ёдгории беназири таърихӣ имконият фароҳам меоварад, ки аҳли таҳқиқ бо диди нав, нигоҳи тоза, андешаи дигар ба шинохти он руҷӯъ намояд. Боварии комил дорам, ки дар ҳошияи ин ҷашни бузург корномаҳои нав ба нави олимони тоҷик, инчунин маҳсули ҳамкориҳои илмии донишмандони мо бо муаррихону муҳаққиқони хориҷӣ ба чоп расида, аҳамияти таърихии ин ёдгории куҳани тоҷикон бештару амиқтар таваҷҷуҳи аҳли оламро ба кишвари бостонию ҳамешаҷавони мо зиёда хоҳад кард.

Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси вилояти Суғд

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.