Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон

Кашфи Саразм бузургтарин дастоварди бостоншиносони кишвар ба ҳисоб рафта, на танҳо аҳамияти дохиливу минтақавӣ, балки байналмилалӣ дорад. Зеро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудани ин ёдгории беназири кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ бешак боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мо — тоҷикон мебошад. 

Дар ин росто ҷалби донишҷӯёни факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бобати таҷрибаомӯзӣ дар ҳафриёту ковишҳои археологии Саразм ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷавонон аз манфиат холӣ нест.

Донишҷӯёни мо моҳҳои июл-августи соли 2019 дар се марҳила ва 10-19 августи соли равон бошад, даҳ нафар омӯзгорони ҷавон таҳти роҳбарии бостоншиноси маъруф Саидмурод Бобомуллоев дар ин макони таърихӣ қарор доштанд ва аз наздик бо ёдгории Саразм шинос шуда, дониши хешро сайқал доданд. Лозим ба ёдоварист, ки ба устодону донишҷӯёни сафарбаршуда аз ҳисоби буҷаи донишгоҳ маблағи пулӣ баҳри хароҷоту зисту ғизои онҳо ҷудо гардид.

Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ донишҷӯёни мо хандақеро ошкор карданд, ки дар дохили он ҳар гуна партовҳо, ба мисли устухони ҳайвонот, пораҳои сафолии зарфҳои гуногун ва ғайра мавҷуд буд. Аз нигоҳи бостоншиносон чунин хандақҳо ба хотири тоза нигоҳ доштани шаҳр сохта мешуданд ва аз маданияти баланди шаҳрдории саразмиёни қадим гувоҳӣ медиҳад. Пайдо намудани якчанд асбобу олоти кишоварзӣ, минҷумла каланди чӯбин, дос, васоили шудгори ҷуфтӣ гувоҳи он аст, ки мардуми Саразм дар соҳаи кишоварзӣ низ дар замони хеш намуна буда, ба парвариши ҳар гуна зироат, бахусус гандуму ҷав,  машғул мешуданд ва дар баробари ин чорводорӣ ҳам рушд кардааст.

Косахонаи сари навраси 6-7 сола, ки донишҷӯён дар рафти таҷрибаомӯзӣ пайдо намуданд, арзиши баланди таърихӣ дорад ва мутобиқи фарзияи бостоншиносон таърихи 3000-3500 — соларо дорост. Якчанд  нигора ва сафолпораҳои дарёфтнамудаи онҳо низ дар зеб додани гӯшаи  осорхонаҳои миллӣ намунаи барҷаста ба ҳисоб мераванд. 

Соҳаи маъдангудозӣ дар замони саразмиёни қадим рушд намудааст, ки пайдо  гардидани  оташдонҳои хӯлагудозӣ аз ҷониби донишҷӯёни мо аз ин шаҳодат медиҳанд. Бозёфт намудани зеваролот, ки аз сангҳои қиматбаҳо, ба мисли фирӯза, ақиқа, лоҷувард таҳия шудаанд, кӯраҳои маъдангудозӣ ва қолабҳои рехтагарӣ, асбобу олоти меҳнат, васоили бофандагӣ, сафолпораҳои гуногуни зарфҳо ва ғайра аснод бар онанд, ки соҳаҳои филизгудозӣ, ҳунармандӣ, кулолгарӣ ба авҷи тараққӣ расидааст.

Муҳри сангӣ, ки  таҷрибаомӯзони мо дар макони ҳафриёт пайдо намуданд, воситаи тасдиқи асноди саразмиёни қадим маҳсуб меёбад ва махсусан тоҷирони он замон онро бобати тасдиқи додугирифти  мол фаровон истифода мебурданд. Муҳр ба давраҳои неолит ва энолит мансуб буда, шакли  мураббаъ дорад ва дар чаҳор кунҷи он хатҳои нозук мавҷуд буда, дар марказаш сӯрохӣ ҷой дорад. Бозёфти мазкур ёдгории беназир ба ҳисоб рафта, ба саҳифаи таъриху бостоншиносии кишвар ворид хоҳад шуд.

Ҳамзамон мо тасмим гирифтаем, ки санаи 18 сентябри соли 2020 конференсияи илмӣ-назариявиро зери унвони “Саразм – оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” баргузор намоем, ки маводи он омодаи нашр аст. Боварӣ дорем, ки ин ҳамоиши илмӣ низ дар омӯзиш ва муаррифии Саразми бостонӣ нақши муайян хоҳад дошт.

Нӯъмонҷон Ғаффорӣ,

ректори ДДОТ ба номи С.  Айнӣ,

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.