Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Табарчае, ки ба кашфиёти ҷаҳонӣ сабаб шуд

Дар рӯ ба рӯям зани одие истода, андешаманд ба паҳнои Саразм менигарад, ангор сафҳаҳои хотироташро варақгардон мекунад…

— Падари ман иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Як одами одӣ ва заминӣ. Онҳо се бародар ба ҷанг рафтанд, як амакам аз ҷанг барнамегарданд…

Ашк дар чашмони зан ҳалқа мезанад. Аз марги падар чанд сол гузашта бошад ҳам, ба ёд овардани ӯ барои фарзанд душвор аст.

-Падарам 50 — сола буданд, ки ман таваллуд мешавам. Модарам дар сесолагиам аз дунё мегузаранд. Он кас дигар оиладор нашуданд, нахостанд, ки мо дар дасти моиндар монем. Ҳатто модари беморашонро худашон нигоҳубин мекарданд.

Ҷамила Бобомуродова, ҳанӯз ҳам дар деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, ки падараш Ашӯралӣ Тайлонов тамоми умр он ҷо зистааст, зиндагӣ мекунад. 

— Баъди ҷанг падарам ба деҳқониву чорводорӣ машғул буданд. Заминҳои мо дар ҳамин ҷо ҷойгир буд. Падарам вақти кор сафолпора ва ё ҳар гуна асбоби шикастаи куҳнаро агар пайдо мекарданд, ба хона меоварданд. Ҳафт сол ба ҷамъоварии зарф ва асбобҳои таърихӣ машғул шуданд. Ҳавлиамон аз сангҳои гуногунрангу гуногунҳаҷм ва сафолпораҳо пур буд.

Ҷамила-апа мегӯяд, ки дар кашфи Саразм ӯ низ саҳм дорад. Зеро хоҳиши осорхонаро тамошо кардани ӯ сабаб шуд, ки бостоншиносон ба бозёфтҳои падараш таваҷҷуҳ кунанд.

— Ҳаштсола будам. Дугонаҳоям гуфтанд, ки дар Панҷакент осорхона кушода шудааст ва хеле таъриф карданд. Ман ҳам аз падарам хоҳиш кардам, ки маро бо осорхона баранд. Дар осорхона машғули тамошои экспонатҳо будем. Падарам асбобҳои гуногуни сангиву сафолиро дида, аз кормандони осорхона дар бораи онҳо пурсиданд. Чун фаҳмиданд, ки бозёфтҳо аз Панҷакенти қадим оварда шудаанд, хоҳиш карданд, ки бо роҳбарони осорхона вохӯранд. Бо Абдуллоҷон Исҳоқӣ суҳбат карданду дар бораи чӣ гуна ва аз куҷо ёфтани сангу сафолпораҳо маълумот доданд…

Ҳамон рӯз Абдуллоҷон Исҳоқӣ ҳамроҳи Ашӯралӣ Тайлонов ва духтари ҳаштсолааш ба хонаи онҳо, ба деҳаи Авазалӣ меоянд. Баъди аз назар гузаронидани бозёфтҳои Ашӯралӣ-ака Исҳоқӣ дар ҳайрат мемонад. Зимни аз назар гузаронидани бозёфтҳо диққати Абдуллоҷон Исҳоқиро табарчаи биринҷӣ ҷалб мекунад.

-Падарам вақти пайдо кардани табарча, — ба ёд меорад, Ҷамила-апа, мехоҳанд, ки зангашро тоза карда истифода баранд. Он вақт як гӯшаи он мешиканад ва мебинанд, ки дарунаш ранги сурх дорад, фикр мекунанд, ки бояд тилло бошад ва онро дар қатори дигар бозёфтҳояшон нигоҳ медорад.

Баъди ташхиси Абдуллоҷон Исҳоқӣ маълум мешавад, ки табарчаи биринҷӣ таърихи қадимӣ, қадимтар аз Панҷакентро дорад. Ҳамин тавр, ӯ маҳалли бозёфти табарчаро бо роҳбаладии Ашӯралӣ Тайлонов муайян карда, ба ковишҳои бостоншиносӣ оғоз мекунад. Дере нагузашта аз мавҷудияти тамаддуни пешрафтаи кишоварзӣ ҳунармандӣ ва шаҳрдорӣ – Саразм илми ҷаҳонӣ огоҳӣ ёфта, ҳафриётҳои бостоншиносӣ оғоз мешаванд. Ин ҷараён ба сокинони деҳаҳои гирду атроф писанд набуд, зеро онҳо намехостанд, ки заминҳои кишоварзиашон аз даст равад. Барои монеъ шудан ба кори бостоншиносон баъзе каҷназарон ба ҳар васила монеъ шудан мехостанд, вале Ашӯралӣ Тайлонов, ки соҳиби обрӯву эътибор буд, монеъи дастдарозӣ ба Саразм мешуд.

— Падарам ҳеҷ гоҳ пушаймон набуданд, ки аз бозёфти худ хабар доданд. Он кас ба Саразм назари нек доштанд. Бо бостоншиносон дӯст буданд. Ҳатто олимони кишварҳои дигарро дар хона ҷои зист дода, меҳрубонӣ мекарданд.  Абдуллоҷон-амакам падарамро «нахусткашшофи Саразм» мегуфтанд…

Ашӯралӣ Тайлонов 25 марти соли 2008 вафот мекунад, вале номи ӯ ҷовидонӣ аст, зеро табарчае, ки ӯ пайдо кард боиси кашфиёти ҷаҳоние шуд, ки имрӯз мо 5500-солагии онро таҷлил мекунем…

О. Нозир

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.