Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таваллудхонаи вилоят. Дастовард дар замони Истиқлолият

Таваллудхонаи вилояти Суғд ҳамчун дастоварди замони Истиқлолияти давлатӣ ба мардум хизмат мекунад. Солҳои охир дар заминаи дастгирии давлату ҳукумат дар вилояти Суғд низ   шумораи  беморхонаву таваллудхона ва марказҳои саломатӣ рӯ ба афзоиш доранд.

Имрӯз таваллудхонаи вилоятӣ, чун як сарпараст, баҳри расонидани ёрии методӣ ва маслиҳат ба дигар табибони  таваллудхонаҳои вилоят хизмати муассир мерасонад.  Ҳамарӯза ба шуъбаи қабули он то 50 нафар беморон муроҷиат мекунанд. Таваллудхона ба сатҳи сеюм тааллуқ дошта, муассисаи кумаки таваллудие мебошад, ки ба занон кумаки тахассусии акушерӣ  ва неонталӣ, аз ҷумла пешбурди таваллудҳои оризанок, буриши қайсарӣ, ва кумаки неонатологиро ба навзодони норасида ва аз он зиёд, кумаки  ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии гинекологӣ мерасонад.

Таваллудхонаи вилоятӣ аз соли 1936 инҷониб фаъаолият дорад. Айни ҳол тамоми шуъбаҳои он бо таҷҳизоти тиббии  муосир таъмин аст. Соли 1991 шуъбаи эҳё ташкил карда шуд. Ҳамчунин, аз соли 1991 бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилоят бригадаи сайёри эҳё ташкил карда шуд. Бригадаи мазкур ба 18 шаҳру ноҳияҳои вилоятњои Суғд кумак мекунад. Аз соли 2013 дар таваллудхона  бригадаи махсуси сайёр низ ташкил гардида, кумаки тиббӣ мерасонад. Таваллудхонаи мазкур дорои 210 кати бистарӣ мебошад. Дар таваллудхона барои хизматрасонӣ ба табобати беморон қабулгоҳ ва шуъбаи модару кӯдак хизмат мерасонад.

Биноҳои нав дар таваллудхона

Таваллудхона ду маротиба аз таъмири асосӣ баромадааст. Аз ҷумла соли 2004 бинои якуми таваллудхона таъмир гардида, ҳуҷраҳои он бо тамоми шароит ҷиҳозонида шуда, бинои дуюми он соли 2005 оғоз ёфта, то моҳи августи соли 2013 идома ёфта, бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд. Дар ин маросим аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Вазорати  тандурустӣ 70 номгӯи таҷҳизоти замонавӣ ба таваллудхона туҳфа дода шуд, ки он бо маблағи 25 млн. сомонӣ харидорӣ шуда буд.

Дилором Дадобоева, иҷрокунандаи вазифаи сартабиби таваллудхонаи вилояти Суғд дар сӯҳбат иброз дошт, ки дар таъмири биноҳои таваллудхона  нақши табибони марказ низ назаррас мебошад. Маҳз бо дастгирии сартабиби пешинаи марказ Шоира Бузрукова роҳрави махсус барои биноњои якум ва дуюми таваллудхона ба истифода дода шуд. То ин вақт аз набудани гузаргоҳ таваллудхона азият мекашид, вале баъди сохта ба истифода дода шудани гузаргоҳ бе ягон мушкилӣ ба беморон хизмати тиббӣ расонида мешавад.

Таҷҳизоти  замонавӣ дар таваллудхона

Дар таваллудхонаи вилояти Суғд таҷҳизоти зиёди замони муосир ба беморон хизмат мерасонад, ки аз ҷумла томографияи магнитии резонансӣ, маммограф, ташхиси ултрасадо, гистероскопия муҷаҳҳаз мебошанд.  Ҳоло дар  таваллудхона таҷҳизоти ТМР, маммограф, колпоскопияи бемориҳои занона, ба монанди саратони сина ва гарданаки бачадон, безуриётӣ амал мекунад , ки сари вақт барои муолиҷаи ин намуди бемориҳо ба мутахассисони соҳа фиристонида мешавад.

Дар таваллудхона айни ҳол 374 нафар кормандон фаъолият доранд, ки 66 нафарашонро табибон ташкил мекунанд.

Инчунин, дар сохтори таваллудхонаи вилоятӣ   кафедраи момодоягӣ фаъолият дорад. Дар кафедра момодоя ва табибон  аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят курсҳои такмили ихтисос мегузаронанд. Дарсҳо дар таваллудхона аз рӯи назария  ва амалия гузаронида шуда, ҷиҳати амалии он бо бемороне, ки дар таваллудхонаи мазкур  бистарианд, гузаронида мешавад.

Уғулой Қутбиддинзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.