Прокурор кӯдакеро аз марг наҷот дод (видео)
Дар шаҳриДушанбе як кӯдаки хурдсолро ҳангоми дар оби фавворае ғарқ шудан наҷот доданд. Наҷотдиҳанда муовини прокурори шаҳри Душанбе будааст.
Бино ба дарёфти маълумот, ин ҳодиса 9-уми июн дар саҳни ҳавлии биноҳои истиқоматии кӯчаи Ҳусейнзодаи ноҳияи Шохмансури пойтахт рух дода, сабаби он бемасъулиятии падару модар ва аз назорати калонсолон дур мондан гуфта мешавад.
Ҳолати мазкурро Маҳмудзода Мухтор, муовини прокурори шаҳри Душанбе мушоҳида карда, ба ғарқшуда кумаки аввалӣ расонида, ӯро наҷот медиҳад.
Прокуратураи шаҳри Душанбе аз падару модарон хоҳиш мекунад, ки бинобар фарорасии фасли гармо ва зиёд шудани талабот ба оббозӣ, алалхусус дар назди фаввораҳо, фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ