Проректори МГУ ба ҳабс гирифта шуд
Собиқ вазири сохтмони вилояти Самара ва ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Ломоносови Маскав оид ба корҳои умумӣ Алексей Гришин дар Маскав дастгир карда шуд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 5-уми август, дар сайти Кумитаи тафтишоти Русия хабар дода шуд.
Гришинро рӯзи 4 август муфаттишони Кумитаи тафтишотӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Русия бо дастгирии қавии кормандони бахши махсуси маъмурияти Росгвардия боздошт карданд. Вай ба иштирок дар парвандаи барқасдона муфлисшавӣ гумонбар мешавад (моддаи 196 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) Тафтишот дар маҳалли зисти Гришин, дар ноҳияи Красногорски вилояти Маскав, инчунин дар хонаи истиқоматии ӯ дар Маскав ва дафтари кориаш гузаронида шуд. Муфаттишон ҳуҷҷатҳои молиявӣ, пул ва ҷавоҳиротро, ки метавонанд дар ин парванда далел бошанд, мусодира карданд. Худи гумонбар ҳоло барои тафтиш ба Саранск бурда шудааст.
А.А.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ