Псаки коронавирус шуд

 Котиби матбуотии Кохи Сафед Ҷен Псаки ба коронавирус мубтало шуд. Ба гузориши ТАСС, рӯзи 31 октябр санҷиши тести ӯ инро  тасдиқ кардааст.

Тавре ки Псаки қайд кард, пас аз пайдо шудани  коронавирус дар ҷисми  наздиконаш, вай худро  карантин карод ва чаҳор руз паи ҳам санҷиши тестӣ супорид,ки ҳнтаиҷи ҳамааш манфӣ буд. Аммо  рӯзи якшанбе котиби матбуот натичаи мусбат гирифт. Сухангӯи Кохи Сафед таъкид кард, ки вай аз 27 октябр бо президент ва мақомоти давлатӣ тамоси шахсӣ надошт.

Илова бар ин, бори охир Псакӣ бо Байден дар кӯча сӯҳбат карда буд ва масофаи байни онҳо тақрибан ду метр буд. «Бо шарофати ваксина, ман танҳо нишонаҳои сабуки бемориро  дорам, ки ба ман имкон дод, ки корро дар хона идома диҳам» гуфт Псаки ва илова кард, ки вай пас аз карантини даҳрӯза ба кор бармегардад.

Ёдовар мешавем, ки  айни замон президенти ИМА Ҷо Байден дар Аврупо як сафари корӣ анҷом медиҳад. Охири ҳафтаи гузашта президенти Амрико дар нишасти сарони G20 дар Рум ширкат дошт. Рӯзи чоршанбе, 27 октябр, Псаки аз сафар бо Ҷо Байден ба Аврупо ба далели ошкор шудани COVID-19 дар аъзои оилааш худдорӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *