Пўпаки Нодирпур — Эрон

Тобистонҳо дар сукут

Имрўз як паём хондам,

Аз пушти айнаки заррабинӣ ва ғуборгирифтаи панҷараҳо,

Як паём хондам.

Побараҳна давидам дар боғ, дар сукут:

Кирмҳои абрешим ба ман ваъдаи либоси сапед доданд.

Тобистони дигар,

Ман ҷомае сапед хоҳам дошт,

Ва кирмҳо парвона хоҳанд шуд.

***

Аспе ба номи шаб

Дар интиҳои ҷодаи паҳновари сапед,

Кўҳе аст ба номи субҳ.

Дар қуллааш парандаи хуршед,

Дар жарфнои ғорҳояш,

Аждаҳои марг.

Дар доманаи бекаронааш,

Шукуфаҳои доноӣ раста аст.

Дар пушти кўҳ,

Аспе аст аблақу чамўш.

Аспе аст ба номи шаб,

Аспе аст, ки наъли сапеди моҳро ба по дорад.

Аспе аст, ки мехоҳад,

Сум бикубонад.

Бар шукуфаҳои наҳифу ларзон,

Донистан…

***

Дона

Ман дар қалъаи абрам,

Ва дар ҳисори борон,

Ва аз кавкабҳои сапеди ситора,

Дар боғи шаб сухан мегўям.

Ва ҳар субҳ,

Ба пешонии баланди осмон менигарам,

Ки доғи хуршед мехўрад.

Ва ба анбўҳи гунҷишкон,

Ки дар тоқи дарахт лона кардаанд.

Ман дар ридои куҳнаи андешаам,

Андак андак,

Ба хокистару ғубор табдил мешавам.

То бо аввалин бод,

Рўҳам чун донаи гиёҳ,

Пошида шавад дар мазореи обии осмон.

Ва аз ин донаҳои мавҳум,

Ситора бирўяд,

То беинтиҳо…

پوپک نادرپور- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *