Пурсиши динӣ: «Аҳли шиъа шавам?»
Ба ҷӯгӣ садақа диҳам?
Ман ҳам ба гадоён ва ҳам ба ҷӯгиҳо аз рӯйи тавонам нон, қанд, дигар анвои хӯрокворӣ ва баъзан пул медиҳам, то хайр шавад. Ҳамсояҳоям мегӯянд, ки ба ҷӯгӣ садақа додан раво нест, ба лӯлиҳо хайр карда, ту баръакс гуноҳ мегирӣ. Ҷӯгӣ ҳам одам ва офаридаи Худованд аст, пас чаро ба лӯлиҳо садақа додан гуноҳ будааст?
Фараҳноз, н. Норак.
Посух
Садақа аз калимаи сидқ гирифта шудааст. Садақа ду намуд мешавад: садақаи фарзӣ ва нофила. Гирандагони садақаҳои фарзиро Худованд дар Қуръони азим-уш-шаън дар сураи Тавба, ояти 60 муайян кардааст. Садақаи нофила бошад, шахси муайяну мушаххас надорад. Мардуми мо ба арвоҳи гузаштагон гӯён ба мардуми муҳтоҷ ба қадри имкон хайру садақа мекунанд. Ин ягон ҷойи бадӣ надорад. Садақа додан ҳеҷ гоҳ гуноҳ намешавад, ҳатто ҷӯгиҳое, ки бо умед ба дари хонаи мову шумо меояд, набояд навмед баромада раванд. Шариати набавӣ барои ҷамъ овардани қутти якрӯза, яъне барои аз ҳалокат наҷот додани худ иҷозат медиҳад, вале аз якрӯза зиёдаш аз нигоҳи шаръӣ мамнуъ аст. Ҷӯгиҳо бо як- ду хона гаштанашон чизи бисёр ҷамъ мекунанд ва ҳатто захира ҳам мекунанд. Аз ҳамин нигоҳ ба одамони фақиру нодор садақа кардан беҳтар аст. Садақаро ба касоне бояд дод, ки қобилияти кор кардан надоранд. Имрӯз мардони ҳузарбу занҳои хушсимоеро вомехӯрем, ки талбандагӣ мекунанд. Садақа додан ба ин тоифа чандон кори савоб нест, ҳатто баъзе уламо инро манъ ҳам кардаанд.
Таровиҳи занҳо хатм мешавад?
Мо таровиҳ мехонем. Мегӯянд, ки 30 рӯзи таровиҳ як хатми Қуръон мешавад. Мо, занҳо дар ин миён моҳона мебинем, аз ҳамин хотир донистан мехоҳам, ки аз ин савоб бебаҳра мемонем ё таровиҳи хондаи мо низ хатми Қуръон ҳисоб мешавад?
Муштарии «Оила».
Посух
Дар ҳақиқат бист ракати намози таровиҳ як хатми Қуръон мебошад. Одати моҳона, ки модарону хоҳарон ба он гирифтор мешаванд, дар ихтиёри худи онҳо нест, аз ҳамин хотир аз нигоҳи шаръӣ занҳои таровиҳ хонда низ савоби ҳамон хатми Қуръонро мегиранд.
Баъди шаш моҳ талоқ меафтад?
Мегӯянд, ки агар мард занашро шаш моҳ суроғ накунад, байнашон талоқ афтида, никоҳи онҳо бурида ҳисоб мешавад ва агар зиндагиашонро давом додан хоҳанд, бояд аз нав никоҳ кунанд. Ин ақида асоси динӣ дорад ё не?
Дилнозаи раштӣ.
Посух
Не, дар ин сурат талоқ намешавад, вале зан бояд ҳаққи худро талаб намояд, чунки мард вазифадор аст ҳамсарашро бо хӯрокаю пӯшока таъмин намояд.
Агар падар писарро оқ кунад…
Рӯзе бо падарам дар як масъалаи оилавӣ гапамон гурехт. Падарам маро сахт сарзаниш карда, ҳар хел ҳақорат кард. Ростӣ, худамро дошта натавониста гапгардонӣ кардам. Падарам дар сари қаҳр гуфт, ки ман ту барин писарро оқ кардам, вале дарҳол аз гуфтааш пушаймон ва рӯзи дигараш бо ман меҳрубону ширинзабон шуд. Муносибатамон ҳоло хуб бошад ҳам, як гӯшаи дилам аз ҳамон рӯз сиёҳ аст. Метарсам, ки дар ин дунёву охират оқипадар ва рӯсиёҳ нагашта бошам. Аз кори кардаам сахт пушаймонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Хонанда.
Посух
Шумо оқ нашудаед, вале кӯшиш намоед, ки дубора ин корро такрор накунед, чунки ин аз гуноҳони кабира буда, дар ин бора дар ҳадис ваъиди сахт омадааст. Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Гуноҳони кабира инҳоянд: Ширк овардан ба Худо, нофармонии волидайн, қатли нафс ва савганди бардурӯғ”. (Ривояти Бухорӣ).
Падар ҳаққи сарзаниш кардан дорад, вале мо, фарзандон надорем, чунки дини Ислом ин ҳақро ба волидон дода, эҳтироми онҳоро бар мо воҷиб гардонидааст. Ба ғайр аз ин, шахсе, ки падару модарашро ҳурмат мекунад, дар оянда аз фарзандонаш эҳтиром мебинад, агар волидонашро озор диҳад, дар пирӣ аз ҷигарбандонаш ранҷу озор мебинад. Барои ҳамин сидқан аз падаратон узр хоста, баъдан назди Парвардигор тавба намоед.
Аҳли шиъа шавам?
Хоҳиш мекунам, ки ба суоли ман ҳаматарафа ҷавоб гардонед. Як сол аст, ки оиладор ҳастам. Шавҳарам аз аҳли шиъа ва худам аз аҳли суннатам. Шавҳарам мехоҳад, ки мазҳаби ӯро қабул кунам. Дар ин масъала маслиҳати шумо бароям хеле зарур аст.
Ҳумайноз.
Посух
Дар миёни шиъаҳо ва равофиз фирқаҳои зиёде вуҷуд дорад ва ақидаи онҳо низ мухталиф аст. Баъзе аз онҳо ҳазрати Алӣ (р)-ро Худо медонанд ва ӯро ба сифатҳои Худо шарик месозанд. Мегӯянд, ки Ҷабраил (а) дар овардани ваҳй хато карда, ба ҷои ҳазрати Алӣ (р) ваҳйро ба ҳазрати Муҳаммад (с) овардааст, ба модари муъминон Оиша (р) туҳмати зино мезананд ва саҳоба будани Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро инкор мекунанд. Ақидаҳои куфромезе доранд, ки бар хилофи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, бинобар ин, никоҳ бо чунин афрод қатъиян манъ аст.
Дар китоби “Ақоидул-Ислом” роҷеъ ба ин масъала чунин омадааст: “Шиъаҳо он хубиҳоеро, ки дар Қуръони карим дар шаъни саҳобагон омадааст, рад мекунанд, ҳол он ки ин хубиҳо бо далелҳои яқин собит шудаанд. Ба саҳобагон таъну лаънат мехонанд ва нисбати ҳамсарони Пайғамбар (с) суханони нолоиқ мегӯянд, ки агар ба ҳамсари камтарин фарди мо гуфта шавад, мо дигар ба рӯйи онҳо назар намекунем.
Шохаҳои ибодат чист?
Калимаи ибодатро дар ҳама ҷо мешунавем, вале касе онро то имрӯз шахсан барои ман шарҳ надодааст. Мехоҳам донам, ки ибодат чист ва шохаҳояш кадоманд. Илтимос, ба саволи ман ҷавоби комил диҳед!
Қаҳҳор Холиқов, ш. Ваҳдат.
Посух
Худованди мутаъол дар Қуръони карим дар сураи “Бақара” чунин фармудааст: “Эй мардум Парвардигоратонро ибодат кунед…”
Ибодат, ин номи фарогири ҳама он гуфтор ва амалҳое аст, ки Худованд онҳоро дӯст медорад: намоз, закот, рӯза, ҳаҷ, рост гуфтан, адо намудани амонат, некӣ ба падару модар, пайванди хешу табор (силаи раҳм), ба аҳд вафо, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кардан, ба ҳамсоя, ятим, мискин, каси дар роҳ монда некӣ ва эҳсон намудан… Ибодат аз нигоҳи фиқҳӣ се қисм мешавад:
- Ибодати баданӣ (намоз, рӯза…)
- Ибодати молӣ (закот, ушр, садақаи фитр, қурбонӣ…)
Ибодати ҳам баданӣ ва ҳам молӣ (ҳаҷ ва умра).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ