Путин: Ба ҳамаи шаҳрвандони СССР нафақа медиҳем!

Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти охирини хабарӣ,ки  рӯзҳои наздиктарин баргузор мегардад, изҳор медорад,ки минбаъд ҳамаи шаҳрвандони собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ, ки пеш аз соли 1991 (замони барҳамхӯрии СССР. — А.А.)  дар  ин кишвар таваллуд шудаанд, ҳақ доранд,ки аз ҷониби Русия бо нафақаи пиронсолӣ ва меҳнатӣ  таъмин карда шаванд. Путин изҳор дошт, ки Русия чун меросбари асосии собиқ иттиҳоди шӯравӣ вазифадор аст, ки шаҳрвандони собиқи ин кишварро бо нафақа таъмин намояд. “Замоне ки чаҳор нафар роҳбарони аввали Русия, Беларус ва Украина ба санади барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ имзо гузоштанд,  гуфта шуда буд ва ин гуфтаҳо дар санади мазкур сабт ёфтааст,  ки  Русия  ҳамчун  меросбари асосии иттиҳоди шӯравӣ эътироф гардидаст. Кишвари мо  тамоми қарзҳои хориҷии онро ба дӯш мегирад ва инчунин  қарзҳое,ки СССР ба дигар кишварҳо додааст, ба Русия баргардонида мешаванд. Дар асоси ин санад, мо ҳақ надорем,ки таъминоти иҷтимоии собиқ шаҳрвандони иттиҳоди шӯравиро  ба дӯш нагирем. То ҳол аз ҳисоби қарзҳои ба хориҷа додаи СССР  миллиардҳо доллар  баргардонида шуд ва минбаъд аз ҳисоби ҳамин маблағҳо ба шаҳрвандони собиқи ин кишвар нафақа таъин карда мешавад”-изҳор дошт Владимир Путин. Тавре ки сухангӯи президенти Русия Димитрий  Песков дар шарҳи гуфтаҳои Путин мегӯяд, ин имтиёз ба ҳамаи онҳое,ки то замони барҳамхӯрии СССР дар ин кишвар таваллуд шудаанд, новобаста  ба он, ки онҳо дар кадом ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд,  дахл дорад. Песков  шарҳ дод,ки манбаи пардохти ин нафақаро ҳукумати Русия асосан аз ҳисоби фоизи қарзҳои ҳанӯз баргардониданашудаи СССР  ва ҳамчунин аз ҳисоби даромади корхонаҳое,ки замони шӯравӣ “сохтмони зарбдори умумихалқӣ” эълон гардида буданд, муайян кардааст.   Ҳамчунин, гуфта  шуд,ки  аллакай ҳукуматҳои Озарбойҷону  Молдова ва Ӯзбекистону Қирғизистон дар ин маврид изҳори назар намуда, барои чунин иқдом ба президенти Русия изҳори сипос намуданд. Аммо кишварҳои соҳили Балтик (Литва, Латвия ва Эстония) ин пешниҳодро қабул накарданд. Онҳо изҳор намуданд, ки “аз дасти таҷовузгарон” чизе гирифтан намехоҳанд.  Кишварҳои назди Балтика  Русияро,ки соли 1940 ин давлатҳоро ба иттиҳоди шӯравӣ шомил намуда буд, таҷовузгар меҳисобанд.  Аммо назари роҳбарони Тоҷикистон сари ин масъала то ҳол маълум нагардидааст. Президенти Беларус  Александр  Лукашенко ин ташаббусро дастгирӣ намуда,  ба агентии иттилоотии “Белта” гуфтааст, ки чунин корро бояд ҳанӯз Борис Елтсин ба анҷом мерасонд. “Шумо бубинед, новобаста ба миллату маҳалли зист дар сохтмонҳои бузурги он замон, ки имрӯз ба Русия мерос мондаанд, аз қабили БАМ (магистрали Байкалу Амур), ГЕС-и Саяно -Шушенск, Беломорканал, заводҳои бузурги металлургӣ ва мошинсозӣ тамоми  халқи шӯравӣ заҳмат кашида буд.   Ҳатто дар замони террори сталинӣ намояндагони ҳамаи миллатҳои шӯравӣ ба Сибир ва Шарқи Дуру Шимоли Русия бадарға шуда, дар он ҷо бо аз даст додани саломатӣ ва аксаран ҷони худ   садҳо корхонаҳо бунёд намуданд. Онҳо ва фарзандони онҳо ҳаққу ҳуқуқи пурраи талаб кардани нафақаро ба ивази ин бунёдкориҳояшон доранд. Ман барои чунин ташаббус ба Владимир Владимирович ташккури  беандоза мегуям”-гуфтааст  дар мусоҳибаи худ Александр Лукашенко.

Президенти Арманистон Серж Саркисян  низ аз ин ташббус изҳори қаноатмандӣ намуда, илова менамояд: “Дар замоне,ки  ҳамаи ҷумҳуриҳо дар ҳайати як кишвар муттаҳид буданд, новобаста ба миллату нажод фарзандони ин миллатҳо дар ҳифзи марзу буми кишвари худ  саҳмгузор буданд. Он замон на танҳо русҳо,  балки арманию озарӣ, тоҷику ӯзбек ва молдавану қирғиз бо як супориши Маскав дар ҳар гӯшаи ҷаҳон манфиатҳои кишвари худро ҳимоя менамуданд. Аз ҷумла, дар Куба, Ветнам, Афғонистон, Сомалӣ ва ғайра сарбозони ин миллатҳо меҷангиданд ва як қисми онҳо нобуд шуданд. Ман  боварии комил дорам, ки ташаббуси  ҳамтои ман- Владимир Путин за ҷониби ҳамаи ин миллатҳо дастгирӣ  ёфта, бо миннатдорӣ қабул карда мешавад”.

Тавре ки Песков дар ҳошияи ин изҳороти Путин ишора менамояд, барои гирифтани нафақа аз Русия кифоя аст, ки шаҳрванд нусхаи дафтарчаи меҳнатии худро, ки дар он мӯҳлати собиқаи корӣ дар замони шӯравӣ сабт гардидааст, пешниҳод намояд. Ба гуфтаи ӯ , барои ба қайд гирифтани онҳое,ки ба гирифтани нафақаи Русия ҳақ доранд, дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ  иттиҳоди шӯравӣ намояндагиҳои Вазорати ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия боз хоҳанд шуд.

“Шумо метавонед аллакай рӯзи  1 апрели соли равон ба ин намояндагиҳо муроҷиат намуда, ариза ва нусхаи дафтарчаи меҳнатиатонро пешниҳод намоед” –мегӯяд дар охири  суханаш Дмитрий  Песков.

Абдумудассир  АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон таймс”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *