Путин имсол ба рухсатӣ намеравад

«Интерфакс»  хабар дод, ки сухангӯи Путин Димтрий Песков ҳанӯз намедонад, раисҷумҳураш кай ба рухсатӣ меравад.

Песков дар посух ба саволи яке аз рӯзноманигорон гуфт: «Намедонам вақти рухсатии раисҷумҳур кадом рӯз хоҳад буд. Ба барномаи кори раисиҷумҳур нигоҳ кардам, дидам, ки то 1-уми сентябр, яъне то поёни фасли тобистон дар Русия, рузу вақте барои рухсатии раисиҷумҳур ба ҳисоб гирифта нашудааст.»

Дар поёни ин суолуҷавоб оқои Песков гуфт, ки агар шонс даст диҳад, дар моҳи август худаш ба рухсатӣ хоҳад рафт.

Дар кишварҳои посошуравӣ раҳбарон 12 моҳи сол кор мекунанд ва мардум хеле кунҷоков шудааанд, ки чӣ тавр як одам, магар робот набошад, метавонад бидуни истироҳат тамоми сол сари кор бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *