Путин кишварҳои аъзоро ба омодагии дифоӣ ва сиёсӣ даъват кард

Владимир Путин гуфт, ки СААД бояд барои ҳифзи субот дар қаламрави худ омода бошад

 Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки дар Душанбе ҷараён дорад, кишварҳои аъзоро ба омодагии дифоӣ ва сиёсӣ даъват кард.

«Вазъият дар минтақаи масъулияти СААД ва сарҳадҳои берунии кишварҳои узв на танҳо ноустувор аст, балки мушкилоти воқеан шадиде ва хатарҳои амнияти кишварҳои моро ба миён меорад», — гуфт раҳбари Русия.

Вай афзуд, ки дар ин замина СААД бояд омода бошад, ки иқтидори пурраи дифоӣ ва сиёсии худро барои нигоҳ доштани субот дар қаламрави худ истифода барад.

Вай инчунин аз хуруҷи шитобкоронаи ИМА аз Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа гуфт.

Ӯ гуфт, хуруҷи нирӯҳои ИМА бо ҳампаймонҳояш куллан вазъи афғонистонро дигаргун кард.

Раисиҷумҳури Русия ба ширкаткунандагони ҷаласа хотиррасон кард, ки дар нишасти қаблӣ раҳбарони СААД дар бораи зарурати «омода будан ба ҳар лаҳза барои истифодаи пурраи потенсиали дифоӣ ва сиёсии СААД» ба мувофиқа расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *