Путин то 15 июни соли 2021 муҳоҷиронро “депорт” намекунад

Президенти Русия Владимир Путин бо имзои як фармон замони будубоши муваққати муҳоҷирон дар Русияро то 15 июни соли 2015 тамдид кард. Матни фармон дар сомонаи иттилооти ҳуқуқии Кремл чоп шудааст.
Бар асоси ин фармони Путин, замони ихтиёран тарки қаламрави Русия кардани хориҷиёне, ки нисбаташон ҳукми ихроҷ содир шудааст, то 15 июни соли 2021 ба қафо андохта мешавад. Ҳамин тавр, ба муҳоҷироне, ки замони будубоши қонуниашон дар Русия то 14 марти соли 2020 ба поён расида буд, имкон дода мешавад, ки озодона ва бидуни ягон ҷазою ҷарима тарки қаламрави Русия кунанд. Сафари чунин шаҳрвандон танҳо ба кишвари зодгоҳашон, бидуни убури транзитии кишварҳои сеюм иҷозат дода мешавад. Барои мисол, муҳоҷирони тоҷик ҳақ доранд, ки бо парвозҳои чартерӣ рост ба Тоҷикистон парвоз кунанд, вале тавассути кишварҳои дигар, аз ҷумла бо роҳҳои заминӣ наметавонанд аз ин имтиёз истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *