Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Балогардон. Нома ба Бозоралӣ Одиназода, раиси Ҳамадонӣ

Ҳафтаномаи дӯстдоштанӣ, ҳақнавис ва мушкилкушо — «Тоҷикистон», бори нахуст аст, ки ба унвонат нома ирсол менамоям. Ҳамаи  шумораҳоятро дастрас намуда, мехонам.

Чун ба оина шабеҳӣ, мехоҳам чеҳраеро ба хонанда намоиш бидиҳӣ.

Марди  фурӯтану донишманд, собиқ муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Одиназода Бозоралӣро, ки гумонам амсолаш дар кишвар кам андар кам аст. Чанд сол қабл корафтода шудаму ба Душанбе омадам ва рӯзи қабули вазир муаяйн гашт, ки гиреҳи мушкилоти ман ба дасти муовини вазир Одиназода аст. Хиҷолатмандона наздаш рафтам. Писарвор даст ба шонаҳои  камгӯштам  гузошту арзи ҳол пурсид. Чун мақсадамро гуфтам, холисона роҳи ҳаллашро нишон дод ва то дами дар гуселам кард.

Одами пиру барҷомондаро хулқу рафтори он ҷавонмарди асил хушҳол сохт ва дуои некаш дода, ба хона баргаштам.

Соли гузашта боз чунин як мушкилот наберачаамро пеш омад. Боз пайи ҳалли мушкилоти набераи ятимам ба Вазорати маориф ва илм омада, хабардор шудам, ки Одиназода раиси  ноҳияи Ҳамадонӣ таъин шудааст…

Писари азизам, Бозоралӣ!

Ҳар куҷо бошӣ, сиҳату саломат бошӣ. Дониста бош, ки  ин мӯйсафеди солхӯрда дар як гӯшаи кӯҳистон пайваста ёд меораду умри дарозу ризқи фарозатро аз даргоҳи илоҳӣ  талаб менамояд. Дуои неки  пирон бошад, қазоро намегардонад, вале балоро мегардонад, мегӯянд.

Ризо Салмонов, нафақахӯр, истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.