Хуҷанд мушкилашро ҳал кард, Душанбе кай пайравӣ мекунад?

Аз ин ба баъд дар шаҳри Хуҷанд партовҳоро ба навъҳо ҷудо карда, пас аз Соли нав коркард хоҳанд кард. Барои ин дар кӯчаҳои шаҳр 120 адад қуттиҳои ҷамъоварии ҷудогонаи навъҳои партов  гузошта шуд.

Сокинон минбаъд партовҳоро мувофиқ ба таъйиноти қуттиҳо, ба мисоли хокрӯба, зарфҳои шишагию пластикӣ, оҳан, меваю сабзавот ва ғайраҳо мепартоянд.

Шаҳрдории Хуҷанд ин амалро дар пайрави ба кишварҳои пешрафта ва бо кумаки пулии бонки рушди аврупо роҳандозӣ намудааст, ки барои ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад.

Давронҷон Шокиров директори генералии КВДК “Хизматрасони нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” дар суҳбат бо Your.tj гуфт, ки гузоштани ин намуди қуттиҳо барои ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди он мусоидат хоҳад кард.

“Мо нақша дорем, то 30-солагии ҷашни Истиқлолияти кишвар ҳамаи нуқтаҳои партови шаҳрро бо чунин қуттиҳо таъмин намоем. Ҳоло дар кӯчаҳои шаҳр 120 адад қуттиҳои партов вобаста ба навъҳои партов гузошта шуд. Ин давраи санҷишӣ ва одаткунонии мардум бо ин қоидаҳост. Ҳар як намуди партов ба қуттии алоҳида бояд партофта шавад.

То Соли нав дар назди полигони партови шаҳри Хуҷанд заводи коркарди партов кушода мешавад, ки тамоми партовҳоро коркард мекунад. Барои ин мо сафи қуттиҳои навро, ки бо рангҳои гуногун барои навъи партовҳо мувофиқ карда шудаанд, зиёд мекунем. Ҳамчунин партовҳоро вобаста ба навъ мошинҳои партовкашонии алоҳида ҷамъ мекунанд”, – иброз дошт, Давронҷон Шокиров

Ба гуфтаи ӯ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум ин иқдомро хуб пазируфтанд, чун он барои ҳифзи муҳити атроф ва безараргардонии он мусоидат хоҳад кард.

“Айни замон давраи санҷишист ва мо дида истодаем, ки дар бисёри минтақаҳои шаҳри Хуҷанд қисми зиёди мардум партовҳоро мувофиқ ба қуттӣ гузошта истодаанд. Аз рӯи қоида онҳо бояд меваву сабзавотро дар қуттии меваву сабзавот, хокрӯбаро ба қуттии хокрӯба, ки дар тани ҳар як қутти ишора шудааст партоянд. Мо кӯшиш дорем то кушодашавии завод ҳарчӣ бештар ин корро байни мардум таблиғ намоем то ки онҳо одат кунанд”, – қайд кард, ӯ.

Давронҷон Шокиров гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд 175 адад нуқтаи партов бо 780 адад қуттиҳо мавҷуд буда, ҳамарӯза аз он ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда мешавад.

Яке аз афзалиятҳои ҷудогона партофтан ва коркарди партовҳо дар он аст, ки онро метавон дубора истифода бурд. Ин таҷриба солҳост, ки дар кишварҳои пешрафта амал мекунад.

Вақте ин ташаббуси Хуҷанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуд, корбарон суол мекарданд: Душанбе кай ба Хуҷанд пайравӣ мекунад?

М. Сафарзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *