Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нома аз Файзобод: Санги асос куҷо шуд?

Бо гузашти ду сол, сохтмони бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Файзобод оғоз нашудаву масъулинро парвое нест.

20 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод сафари корӣ анҷом дода, бо мардум аз наздик суҳбатҳо карда, оид ба пешравии ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.

Дар рафти ин сафар Пешвои миллат барои бунёди бинои шуъбаи маориф санги асос гузоштанд. Сокинони ноҳия, хусусан аҳли маориф аз ин иқдоми Роҳбари давлат хурсанд шуданд. Вале бо гузашти ду сол, сохтмони бинои шуъбаи маориф оғоз нашудаву масъулинро парвое нест.

Ҳамчунин, хабар дода буданд, ки тибқи нақша, сохтмони гимназияи хусусӣ дар деҳаи Хоҷамарди ҷамоати “Ҷавонон” сохта мешуд, аммо бинои гимназияи хусусиро дар маркази ноҳия сохтанду аз санги асос гузоштаи Роҳбари давлат ному нишон намонд.

Шояд масъулини ноҳияи Файзобод ба ин масъала равшанӣ меандозанд?

Ҳокими Сафар, н. Файзобод 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.